Апрел 18, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Таниш байни неруҳои иморотӣ ва неруҳои вобаста ба Арабистон дар бандари Билҳофи Яман

Манобеи хабарӣ аз бурузи ихтилофот ва таниш байни неруҳои иморотӣ аз як сӯ ва неруҳои давлати истеъфододаи Яман ва эътилофи мутаҷовизи саудӣ аз сӯи дигар хабар медиҳанд.

Ба нақл аз Форс, манобеи хабарии имрӯз шанбе аз бурузи таниш байни неруҳои иморотӣ бо неруҳои давлати истеъфододаи  Яман ба раёсати Мансур Ҳодӣ ва эътилофи саудӣ дар бандари Билҳоф хабар доданд.

Бандари Билҳоф яке аз бандарҳои муҳими содироти нафт дар Яман аст, ки дар савоҳили байни ду шаҳри Адан ва Ал-Мукло воқеъ шудааст.

Шабакаи Ал-Маёдин бо эъломи ин хабар афзуд, ки неруҳои эътилофи саудӣ аз неруҳои Ҳодӣ хостаанд чаҳор исти бозрасӣ дар атрофи таъсисоти Билҳоф, ки шомили 300 низомии иморотӣ аст, эҷод кунанд.

Неруҳои саудӣ як гурдони яманиро аз бандари Ништун берун ронданд.

Як масъули маҳаллӣ дар устони Ал-Муҳра воқеъ дар шарқи Яман эълом кард, ки неруҳои саудӣ дар бандари Ништун як гурдони ямании маъмури ҳимоят аз ин бандарро берун ронданд.

Дар ҳамин иртибот Аҳмад Билҳоф, масъули равобити хориҷии Кумитаи таҳассуни устони Ал-Муҳра дар мусоҳиба бо Алҷазира гуфт, ки Яман шоҳиди таҳаррукоти дуҷонибаи ду тарафи саудӣ ва иморотӣ дар устонҳои Ал-Муҳра ва Суқтарӣ бо ҳадафи сайтара бар ин устонҳо аст.