Дархости қузоти саҳюнистӣ аз Тел-Авив барои тавақуфи кумакҳои беҳдоштӣ ба Ғаза
(last modified 2020-04-20T12:44:17+00:00 )
Апрел 20, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Дархости қузоти саҳюнистӣ аз Тел-Авив барои тавақуфи кумакҳои беҳдоштӣ ба Ғаза

 Ҷамъе аз қузоти исроилӣ муддаӣ шуданд, режими саҳюнистӣ на фақат барои муқобила бо вируси корона, балки дар бархӯрд бо  ҷунбиши Ҳамос ба роҳбурди ҷомеъ ниёз дорад.

Ба гузориши ИСНА, теъдоде аз қузоти режими саҳюнистӣ дар ёддошти муштараке ба рӯзномаи "Исроил Ал Явм" навиштанд, муносибати ироаи ин ёддошт, иттилооти матбуотии ахир дар бораи аз саргирии музокирот бо Ҳамос перомуни бозпасгирии сарбозон ва мафқудони исроилӣ дар навори Ғазза дар изои ироаи кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа аст. Ин дар ҳоле аст, ки чунин фурсате, ки бархе аз исроилиҳо хоҳони истифода аз он ҳастанд хатарот ва ноҳамоҳангиҳои зиёде ба ҳамроҳ дорад.

Дар ин ёддошт иддао шудааст, шаш сол аст, ки Ҳамос асирони исроилиро таҳти боздошт дорад ва бозгардондани онҳо бидуни ҳеҷ шарте барои бозсозии Ғазза зарурӣ аст ва аз тарафе ҳам имрӯз Ҳамос наметавонд ба танҳоӣ бо корона дар Ғазза муқобила кунад ва режими саҳюнистӣ низ имконоти лозим барои муқобила бо ин вирусро дар ихтиёр дорад.

Дар ин ёддошт, қузоти исроилӣ таъкид доранд, посух ба матолиботи Ҳамос ва шуруташ ба манзилаи таслими режими саҳюнистӣ дар муқобили ин ҷунбиш аст ва мӯҷиб мешавад, Ҳамос мавзеи худро дар ҳоли ҳозир ва дар оянда тақвият карда ва талошҳои байналмилалии режими саҳюнистӣ барои таҳти фишор гузоштан Ҳамос дар озодии сарбозони ин режим ва шаҳрвандони боздоштшудааш мутазаррир шавад бавижа, ки акнун ба далели ниёзҳои Ҳамос дар сояи шуюи корона, авзо алайҳи ин ҷунбиш аст ва режими саҳюнистӣ бояд ироаи кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро барои муқобила бо корона мутаваққиф кунад.

Дар ин ёддошт омадааст, Ҳамос барои муқобила бо корона дар Ғазза ба кумакҳои Исроил ва ҷаҳон ниёзи мубрам дорад ва режими саҳюнистӣ бояд аз ин ниёз истифода карда ва шурути Ҳамосро дар хусуси тафкик байни мутолиботи беҳдоштии худ ва мавзӯи асирон ва мафқудони исроилӣ дар назди худ рад кунад ё инки Ҳамос дар бораи сарнавишт ва вазъияти саломатии асирон иттилоотеро дар ихтиёри Тел-Авив қарор диҳад.

 

Барчасп