Май 17, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Пайдо шудани ҷасади сафири Чин дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз пайдо шудани ҷасади сафири Чин дар атрофи Тел-Авив хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи саҳюнистии Ҷерузелим-Пост навишт: Субҳи имрӯз (якшанбе) ҷасади Ду Вей- сафири 58 солаи Чин дар хонааш дар Гертзлия дар атрофи шаҳри Тел-Авив пайдо шуд.

Яке аз мақомҳои Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ зимни таъйиди хабари даргузашти сафири Чин гуфт: Неруҳои полис дар хонаи Ду Вей мустақар шуда ва дар ҳоли баррасии иллати ин ҳодиса ҳастанд.

Бино ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретз,  Ду Вей феврали имсол ба унвони сафири Чин дар заминҳои ишғолӣ мансуб шуд ва ба ҳамроҳи ҳамсар ва писараш дар иқоматгоҳи худ дар Гертзлия зиндагӣ мекард.

Ҳануз ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашудааст.

 

Барчасп