Май 18, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ташкили кабинаи Натанияҳу бо ваъдаи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ

Саранҷом пас аз се интихоботи парлумонӣ, кабинаи нави режими саҳюнистӣ дар сояи мухолифатҳои густарда ташкил шуд.

Режими саҳюнистӣ аз ноябри 2018 то кунун шоҳиди бумбасти сиёсӣ буд. Баргузории се интихобот дар як сол мунҷар ба касби аксарияти курсиҳо тавассути як ҷараён ва ташкили кабина нашуд ва саранҷом низ бо шуйюи коронавирус, Бенямин Натанияҳу- нахуствазир ва Бенни Гантз- раиси Ҳизби обӣ ва сафед барои нахуствазирии чархишии 18 моҳа ва ташкили кабинаи фарогир тавофуқ карданд.

Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, қарор аст Натанияҳу то ноябри 2021 ҳамчунон нахуствазири режими саҳюнистӣ боқӣ бимонад ва пас аз он Беннӣ Гантз ба унвони нахуствазир ба фаолияти худ идома диҳад. Курсиҳои вазоратӣ низ ба таври баробар миёни ҷараёни рост ба раҳбарии Натанияҳу ва ҷараёни чап ба раҳбарии Гантз тақсим шуд.

Кабинаи режими саҳюнистӣ бо 36 вазир шомили 18 вазири ҷиноҳи рост ва 18 вазири ҷиноҳи чап расман оғоз ба кор кард, то поёне бар буҳрони сиёсӣ дар ин режим арзёбӣ шавад. Бо ин ҳол муҳимтарин масъала ин аст, ки эътимоди кофӣ миёни Натанияҳу ва Гантз вуҷуд надорад ва бархе бар ин бовар ҳастанд, ки Натанияҳу пас аз 18 моҳ нахуствазириро ба Гантз вогузор нахоҳад кард.

Нуктаи дигар ин аст, ки кабинаи Натанияҳу дар шароите ташкил шуд, ки қарор буд ҷаласаи парлумон барои овози эътимод ба кабина панҷшанбеи гузашта 14 май баргузор шавад, аммо ихтилофҳо дар даруни ҳизби Ликуд (Likud) сабаб шуд ин ҷаласа баргузор нашавад ва рӯзи якшанбе 17 май баргузор шавад.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки ин ба ақиб афтодан барои тақсими дубораи вазоратхонаҳо байни аъзои Ликуд тавассути Натанияҳу анҷом шуд.

Тавофуқи Натанияҳу  бо Гантз барои тақсими мусовии симатҳои вазоратӣ сабаб шуд аз як сӯ саҳми Ликуд дар кабина коҳиш ёбад ва аз сӯи дигар бархе аз аъзои ҳизби Ликуд ба далели аз даст додани курсии вазоратӣ ва ё нагирифтани курсӣ, сози мухолифат бо кабинаи нав сар доданд.

Нуктаи дигар ин аст, ки 46 нафар аз 119 намояндаи ҳозир дар ҷаласаи парлумон бо кабинаи нави Натанияҳу мухолифат карданд ва ба он овози эътимод надоданд. Бар хилофи вогароиҳое, ки дар даруни кабинаи Натанияҳу вуҷуд дорад, мухолифони кабина аз иҷмоъ бархурдор ҳастанд.

Бино барин метавон гуфт кабинаи нав ба ду дастаи мухолиф рӯбарӯ аст. Дастаи аввал ашхоси саршиносе монанди Авигдор Либерман ва Яир Лапид ҳастанд ва дастаи дуввум низ ашхосе дар даруни ҳизби Ликуд ҳастанд, ки ба далелил нагирифтани курсии вазоратӣ, сози мухолифат сар додаанд.

Дар ҳамин росто, ҳини суханронии Натанияҳу дар кабина, чандин маротиба аъзои ҳизбҳои мухолиф ба эътироз суханони вайро қатъ карданд.

Натанияҳу дар суханронии худ дар парлумон як дастури кори қобили пешбиниро эълом кард, ки ҳамон илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ буд. Натанияҳу иддао кард, ки бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ мутааллиқ ба мардуми яҳуд аст ва бояд қавонини ин режим бар он ҳоким шавад.

Ҳамин дастури кор сабаб мешавад, ки кабинаи нав илова бар мухолифони дохилӣ бо мухолифати ҷиддии гурӯҳҳои фаластинӣ низ шавад. Ҳозим Қосим- сухангӯи Ҳамос дар вокуниш ба овози эътимоди парлумони режими саҳюнистӣ ба кабинаи Натанияҳу гуфт: Мардуми Фаластин эътиное ба ташкили кабинаи нави саҳюнистӣ нахоҳанд дошт ва ба муборизаи қонунии худ то бозгардондани комили сарзамин ва муқаддасоти худ аз по нахоҳанд нишаст ва бо каромат бар рӯи заминҳои озодшудаи худ зиндагӣ хоҳанд кард.

Аз ин рӯ метавон гуфт кабинаи нави Натанияҳу чолиши ҷиддитаре бо гуруҳҳои фаластинӣ ба хусус гуруҳҳои Муқовимат хоҳад дошт.

Маҷмуи ин шароит сабаб мешавад, ки бароварди таҳлилгарон ин бошад, ки кабинаи нави режими саҳюнистӣ дар рӯйхатти шиканандатарин кабинаи ин режим аст.

 

Барчасп