Май 31, 2020 08:54 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии дарҳои Масҷидулақсо ва Масҷидуннабӣ ба рӯи намозгузорон

Дарҳои Масҷидулақсо ва Масҷидуннабӣ (с) пас аз ду моҳ, ки ба далели шуйюи вируси корона баста буд, имрӯз (якшанбе) ба рӯи намозгузорон бозгушоӣ шуд.

Идораи авқофи Фаластин рӯзи якшанбе бо интишори баёнияе эълом кард: Дарҳои Масҷидулақсо пас аз дзенфиксияи саҳнҳо ва мусаллоҳои ин масҷид  ба манзури ҳифзи саломати мардум, бар рӯи намозгузорон боз шудааст.

Бар асоси ин баёния, истифода аз ниқоби тиббӣ ва овардани ҷойнамоз барои хондани намоз дар Масҷидулақсо илзомӣ аст ва ҳарорати бадани намозгузорон пеш аз вуруд ба ин масҷид бо дастгоҳи ҳароротсанҷ андозагирӣ хоҳад шуд.

Раёсати умури Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ (с) низ бо интишори паёме дар Твиттер эълом кард, рӯзи якшанбе дарҳои Масҷидуннабӣ (с) ба рӯи намозгузорон барои намози субҳ боз шуд.

Дар пайи шуйюи вируси корона ва паёмадҳои бархоста аз он, Масҷидулақсо ва Масҷидуннабӣ (с) беш аз ду моҳ таътил буданд ва мизбони намозгузорон набуданд.

Вируси корона бо номи расмии КОВИД-19 авохири соли гузашта (декабри 2019) дар шаҳри Ухан дар вилояти Ҳубей шарқи Чин мушоҳида шуд ва ҳамакнун тамоми кишварҳо дар ҳоли мубориза бо ин вирус ҳастанд.

 

Барчасп