Шунида шудани садои чанд таркиш дар наздикии пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Ироқ
Июн 15, 2020 09:09 Asia/Dushanbe
Манобеи хабарӣ якшанбешаб аз шунида шудани садои чанд таркиш дар наздикии пойгоҳи низомии Ал-Тоҷи, ки маҳалли истиқрори шуморе аз неруҳои террористии Амрико дар Ироқ аст хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, бархе манобеи хабарӣ эълом карданд, чандин ракет ба наздикии пойгоҳи низомии Ал-Тоҷи дар шимоли Бағдод, бархурд кардааст.
Ҳануз расонаҳои расмии Ироқ дар ин бора хабаре мунташир накардаанд.
Шанбешаб низ теъдоде ракети катиюша ба наздикии пойгоҳи Ал-Тоҷи бархурд кард, ки хисорате дар пай надошт.
Амрико таи солҳои ахир борҳо аз ин пойгоҳ истифода кардааст.
Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи неруҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва парлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.