Саъд Ал-Ҷабри кист ва чаро Бин Салмон ба думболи ӯ аст?
(last modified 2020-06-24T08:29:31+00:00 )
Июн 24, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Саъд Ал-Ҷабри кист ва чаро Бин Салмон ба думболи ӯ аст?

Манобеи огоҳ дар Риёз аз талоши валиаҳди саудӣ барои бозгардондани раиси пешини дастгоҳи иттилооти саудӣ аз Канада хабар медиҳанд, ки гуфта мешавад иттилооти ҳаётӣ дар даст дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин манобеъ ба хабаргузории Рейтерз гуфтаанд Саъд Ал-Ҷабри, ки муовини Муҳаммад бин  Нойиф пеш аз кудатои Бин Салмон дар июни 2017 буд ва раёсати Созмони иттилооти саудиро бар уҳда дошт санадҳо ва мадорики муҳими сиёсӣ ва иқтисодиро бо худ ба ҳамроҳ дорад, ки мумкин аст калиди такия бар қудрат дар Арабистон бошад.

Гуфта мешавад ҳуҷҷатҳое, ки Ал-Ҷабри дар даст дорад метавонад барои ҳазфи комили Бин Нойиф ва дигар рақибон муфид бошад ва ҳамзамон метавонад ба шиддат алайҳи Бин Салмон ба кор гирифта шавад бино барин зарурати бозгашти вай ба Арабистон барои Бин Салмон қатъӣ аст.

Бино бар ин гузориш, дар моҳҳои гузашта валиаҳди саудӣ фишорҳои худро бар хонавода ва наздикони Саъд Ал-Ҷабри афзоиш дода ва бародар, писари 21 сола ва духтари 20 солаи ӯро боздошт кардааст  то вайро ба бозгашт ба Арабистон маҷбур кунад.

Сиёсати фишор бар шоҳзодагони фирорӣ аз Арабистон барои бозгашт ба ин кишвар аз тариқи боздошти бастагон, аз ибтидои рӯи кор омадани Бин Салмон дар пай гирифта шуда ва дар ҳоли ҳозир 27 фарзанд ва байни 52 то 57 набераи ӯ наметавонанд аз Арабистони саудӣ хориҷ шаванд.

 

 

 

 

 

 

Барчасп