Июн 25, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс

Шумори мубталоён ба коронавирус дар шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба беш аз 400 000 нафар расид.

Ба гузориши Рейтерз, шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои Арабистони Саудӣ, Иморот, Уммон, Кувейт, Қатар ва Баҳрайн дар камтар аз як моҳ ду баробар шуда ва то шомгоҳи шаби гузашта (чоршанбе) ба 403 163 нафар расидааст.

Мавориди марги ношӣ аз ибтило ба коронавирус дар ин киварҳои низ 2 346 маврид эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Арабистон ва Иморот ба унвони ду кишвари дорои бештарин ҷамъият дар миёни аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ба ҳар гуна мамнӯияти тараддуд барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи бештари коронавирус дар шаҳрҳои худ поён додаанд.