Июн 28, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Се рӯз то иҷрои тарҳи илҳоқ: Афзоиши душвориҳои Натаняҳу

Дар фосилаи се рӯз то иҷрои тарҳи илҳоқи Каронаи бохтарӣ, душвориҳои Бинёмин Натаняҳу барои иҷрои тарҳ афзоиш ёфтааст.

Режим саҳюнистӣ дарсадад аст аз чаҳоршанбеи оянда (аввали июл) илҳоқи 30 дарсад аз Каронаи бохтариро иҷроӣ кунад. Ин тарҳ бахше аз муомилаи нажодпарастонаи қарн аст, ки Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико 28 январ аз он рӯнамоӣ кард. Иҷрои тарҳи илҳоқ яке аз бандҳои тавофуқи Бинёмин Натаняҳу ва Бенни Гантс дар апрели гузашта буд. Бо ин ҳол, иҷрои ин тарҳ акнун бо душвориҳои зиёде мувоҷеҳ аст.

Ин тарҳ сабаби афзоиши беэътимодии Гантс  ба Натаняҳу шуд. Бархе манобеи исроилӣ ахиран эълом карданд, Натаняҳу ва Ҳизби Ликуд ба ин ҷамъбандӣ расиданд, пойгоҳи иҷтимоии Гантс  ва Ҳизби обӣ ва сафед ба шиддат коҳиш ёфтааст ва агар интихоботи чаҳоруми парлумонӣ баргузор шавад, Ҳизби Ликуд аксариятро ба даст хоҳад овард. Бинобар ин эҳтимоли инҳилоли кобинаи фарогир аз сӯи Натаняҳу ва вогузар накардани нахуствазирии Гантс вуҷуд дорад. Гантс низ аз тариқи мухолифат бо иҷрои тарҳи илҳоқ, дарсадади ин аст то монеи баҳрабардории шахси Натаняҳу аз тарҳи илҳоқ шавад. Гантс  дарсадад аст ин тарҳ замоне иҷро шавад, ки Натаняҳу натавонад кобинаро мунҳал ва баҳрабардории сиёсии кунад.

Мавзӯи дигар ин аст, ки агарчӣ тарҳи илҳоқ дар ростои тарҳи амрикоии “муомилаи қарн” аст, аммо ба назар мерасад дар бораи замони иҷрои тарҳ миёни режими саҳюнистӣ ва Амрико ихтилоф вуҷуд дорад. Гуфтугӯҳои миёни Амрико ва Исроил дар бораи тарҳи илҳоқи 30 дарсад аз Каронаи Бохтарӣ оғоз шуд, аммо як мақоми аршад дар давлати Трамп рӯзи панҷшанбе (25 июн) ба хабаргузории Associated Press гуфт, ҳарчанд гуфтугӯҳои ду тараф созанда буд, вале ба як тавофуқи ниҳоӣ мунҷар нашудааст.

Баназар мерасад Трамп низ монанди Бинёмин Натаняҳу дарсадад аст аз тарҳи илҳоқ баҳрабардории интихоботӣ кунад. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ноябри оянда баргузор хоҳад шуд. Ҳамонгуна, ки Трамп дар се интихоботи парлумонии 2019 ва 2020 аз Натаняҳу ҳимоят кард, акнун низ интизор дорад аз сӯи Натаняҳу ва Ликуд мавриди ҳимоят қарор гирад. Бинобар ин, ин эҳтимол меравад дар гуфтугӯҳои Амрико ва Исроил, замони иҷрои тарҳи илҳоқ барои муддати кӯтоҳе ба таъвиқ афтад ва дар фосилаи наздиктар ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ, иҷроӣ шавад.

Дар ҳамин росто низ Йоси Коэн, раиси Сервиси ҷосусии режими саҳюнистӣ бо ишора ба инки тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ниҳоятан то авохири моҳи сентябр иҷро мешавад, гуфт, ҳеҷ кас наметавонад тазмин кунад, ки баъд аз интихоботи Амрико, Исроил тавони иҷрои тарҳи илҳоқро дошта бошад.

Душвории бештари режими саҳюнистӣ барои иҷрои тарҳи илҳоқ марбут ба ҳушдорҳо аст. Сарфи назар аз ҳушдорҳое, ки гурӯҳҳои фаластинӣ дар бораи табаоти иҷрои ин тарҳ додаанд, парлумони федерали Белгия низ дар нишасти дирӯз (ҷумъа)-и худ дар бораи тарҳи илҳоқ бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ, раъйгирӣ ва пешнависи қонунеро тасвиб кард, ки дар он бар лузуми иттихози иқдомоте зидди режими саҳюнистӣ дар сурати илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин таъкид шудааст. Дар ҳамин ҳол, Зиппи Ливни, вазири пешини умури хориҷаи режими саҳюнистӣ низ ишғоли бахшҳои бештаре аз арозии Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба сарзаминҳои ишғолиро "иштибоҳи таърихии бузург" тавсиф кард, ки ба зарари манофеи Исроил аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъият, интизор меравад Натаняҳу иҷроӣ кардани тарҳи илҳоқ аз аввали июлро барои муддате кӯтоҳ ба таъвиқ андозад.