Август 09, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи Саидҳасан Насруллоҳ дар бораи инфиҷори Бейрут: шикасти ҷанги равонии мухолифон

Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷумъашаб дар вокуниш ба инфиҷори Бейрут суханронӣ кард ва зимни таъкид бар шиносоии омилони ин инфиҷор, аз ҳар гуна кумаки хориҷӣ ба Лубнон истиқбол кард.

Бейрут, пойтахти Лубнон сешанбеи гузашта шоҳиди инфиҷори маҳибе буд, инфиҷоре, ки беш аз 150 кушта ва ҳудуди 5 ҳазор захмӣ дошта ва хисоратҳои иқтисодии зиёде низ бар ин кишвар таҳмил кардааст. Суханронии шаби гузаштаи Саидҳасан Насруллоҳ ҳовии нуктаҳои муҳимме буд.

Аввалин меҳвари суханони Саидҳасан Насруллоҳ, таъкид бар омодагии Ҳизбуллоҳи Лубнон бар ифои нақши миллӣ ва инсонии худ барои расидагӣ ба мусибатдидагони инфиҷори Бейрут ва ҳамчунин таъкид бар ҳамбстагии миллӣ барои убур аз ин шароит буд. Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин хусус гуфт: «Ҳизбуллоҳ омодаи мушорикат дар проекти сукунати оворагон аст.»

Дувумин меҳвари суханони Саидҳасан Насруллоҳ, истиқбол аз кумакҳои хориҷӣ барои костан аз паёмади инфиҷори Бейрут буд. Дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: «ҳайатҳои зиёде аз кишварҳои мухталиф ба Лубнон омадаанд, ки муҳиммтарин он, сафари Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса буд. Ҳизбуллоҳ ба ин сафарҳо ва кумакҳо ба диди мусбат нигоҳ мекунад, бавижа инки агар ин кумакҳо ва сафарҳо дар чорчӯби даъват ба иттиҳод ва ҳамкорӣ байни гурӯҳҳо бошад.» Ин суханони Саидҳасан Насруллоҳ хатти бутлон бар ҷараёни сиёсӣ буд, ки Ҳизбуллоҳро монеи таомул дар равобит хориҷии Лубнон бо дигар кишварҳо муаррифӣ мекунад.

Меҳвар сеюм, радди қотеи иддаоҳо дар хусуси дахолат доштани Ҳизбуллоҳ дар инфиҷори Бейрут буд. Пас аз инфиҷори Бейрут, бархе расонаҳои хориҷӣ ба хусус расонаҳои саудӣ, муддаӣ шуданд, махозини таслиҳотии Ҳизбуллоҳ дар бандари Бейрут вуҷуд дошта ва омили ин инфиҷори маҳиб буд. Ин иддаоҳо ҳатто тавассути корбарони араби фазои маҷозӣ низ ба «сухра» гирифта шуд. Саидҳасан Насруллоҳ дар суханрони худ таъкид кард: «Ин ки гуфта шавад инфиҷори Бейрут ношӣ аз махозини таслиҳотӣ ва анборҳои мушакии Ҳизбуллоҳ аст, ниҳоят зулм ва ҷиноят дар ҳаққи мост. Мо қотеъона ва бо ҷидият вуҷуди ҳар гуна мушак ё маводи мунфаҷираи мутааллиқ ба мо дар бандари Бейрут, чӣ дар гузашта ва чӣ дар ҳоли ҳозирро такзиб мекунем.»

Меҳвари чаҳоруми суханони Саидҳасан Насруллоҳ, ҳифзи таҳдид алайҳи режими саҳюнистӣ буд. Режими саҳюнистӣ дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз шаҳодати размандаи Ҳизбуллоҳ дар Димишқ, ҳароси шадиде бобати вокуниши эҳтимолии Ҳизбуллоҳ доштааст. Бардошти ин режим ин буд, ки бо инфиҷори Бейрут, таҳдиди Ҳизбуллоҳ коҳиш меёбад, аммо Саидҳасан Насруллоҳ дар суханони худ гуфт: «Мо бандари Бейрутро на мудирият мекунем ва на сайтара ва назорат бар он дорем ва аслан намедонем дар ин бандар чӣ чизе вуҷуд дорад. Мо бандари Ҳайфо воқеъ дар Фаластини ишғолиро бештар аз бандари Бейрут мешиносем. Бандари Бейрут масъулияти мо нест, балки масъулияти Ҳайфо бар ӯҳдаи мост, чаро, ки ин бандар бахше аз роҳбурди дифо аз Лубнон аст.»

Меҳвари панҷуми суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҳимоят аз таҳқиқ дар хусуси инфиҷори Бейрут ва муҷозоти омилони он буд. Бо ин ҳол, Саидҳасан Насруллоҳ эълом кард, ин таҳқиқ бояд тавассути худи лубнониҳо анҷом шавад ва пешниҳод дод артиши Лубнон пайгири ҳақиқатёбии ҳодисаи инфиҷори Бейрут бошад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо пешниҳод дар бораи таҳқиқи тавассути артиш, хатти бутлоне бар зовия доштани Ҳизбуллоҳ бо артиш кашид.

 

Барчасп