Август 17, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
  • Таъсири муаллафаҳои амниятӣ бар тавофуқи Исроил ва Иморот

Дар тасмими Иморот ва режими саҳюнистӣ барои эҷоди равобити расмӣ, мулфаҳои амниятӣ нақши аслӣ доштааст.

Пас аз солҳо равобити пинҳонӣ, саранҷом Иморот тасмим гирифтааст равобити расмӣ бо режими саҳюнистӣ барқарор кунад ва ин тасмим низ рӯзи 13 август тавассути Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ошкор шуд.

Воқеият ин аст, ки дар минтақаи ғарби Осиё бар хилофи дигар манотиқи ҷаҳон, муаллифаҳои «амниятзудо» аз вазни бештаре бархурдор аст.

Режими саҳюнистӣ дар даруни сарзаминҳои ишғолӣ бо мушкилоти мутааддиде мувоҷиҳ аст ба гунае, ки на фақат Бинёмин Натаняҳу балки сохтори сиёсии ин режими ишғолгар бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Илова бар танишҳои сиёсӣ, режими саҳюнистӣ бо мушкилоти шадиди иқтисодӣ мувоҷиҳ аст. Андешкдаи муассисаи демократии Исроил дар назарсанҷии ҷадиде, ки анҷом дод, навишт, дар асари шуюи густурдаи куруно аз ҳар панҷ коргари хешфармо(бахши хусусӣ) дар сарзаминҳои ишғолӣ як нафар кори худро аз даст додааст. Мутобиқи ин назарсанҷӣ, то моҳи июн 13.5 дарсад аз кормандони ҳуқуқбигир, ки ҳудуди 550 ҳазор нафар ҳастанд дар натиҷаи мустақими шуюи куруно, кори худро аз даст додаанд ва 26 дарсад аз кормандони ҳуқуқбигир низ бо коҳиши даромад мувоҷеҳ шудаанд. Идораи омори Исроил низ эълом кард, тавлиди нохолиси миллии Исроил дар се моҳаи дувуми соли ҷорӣ нисбат ба семоҳаи қабл аз он 7/ 28 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин мушкилоти иқтисодӣ сабаби шаклгирии бузургтарин тазоҳуроти мардумӣ зидди кобинаи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва даргирии мардум бо нирӯҳои амниятӣ шудааст. Натаняҳу бо таваҷҷӯҳ ба ин шароити вахими амниятӣ дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ, тавофуқ бо Иморот барои эҷоди равобити расмиро дар дастури кор қарор дод. Дӯр аз интизор нест, ки режими саҳюнистӣ барои костан аз мушкилоти иқтисодӣ ба дарёфти кӯмакҳои молӣ аз Иморот рӯй оварад.

Дигар муаллафаи амниятӣ, дар сатҳи минтақаӣ вуҷуд дорад, ки сабаби тавофуқи Абу Забӣ ва Тел Авив барои эҷоди равобити расмӣ шудааст. Иморот ва режими саҳюнистӣ аз бозигарони «зидди муқовимат» дар минтақа ҳастанд, ки ба хусус дар як даҳаи ахир барои нобудӣ ё дастикам тазъифи меҳвари муқовимат дар минтақа аз ҳеҷ талоше дареғ накарданд. Бо вуҷуди ҳамаи талошҳое, ки бозигарон зидди муқовимат, аз ҷумла режими саҳюнистӣ ва Иморот анҷом доданд, имрӯз вазни меҳвари муқовимат дар минтақа беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст. Шикасти ниҳоии проекти ДИИШ ва ҳамчунин шикасти эътилофи Саудӣ дар ҷанг алайҳи Яман аз нишонаҳои тақвияти вазни меҳвари муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё аст. Тавофуқи режими сҳиунистӣ ва Иморот барои эҷоди равобити расмӣ, даври ҷадиде аз талоши меҳваир арабӣ-ибрӣ барои зарба задан ба меҳвари муқовимат ба хусус дар Фаластин анҷом аст.

Тавофуқи амниятии Иморот бо режими саҳюнистӣ дар идомаи таҳаввулоте назири тазоҳурот дар Ироқ ва Лубнон ва ба истеъфо кашондани давлати Одил Абдулмаҳдӣ дар Ироқ ва давлати Ҳисон Диёб дар Лубнон ва ҳамчунин инфиҷори маҳиби Бейрут қарор дорад, ки бо ҳадафи ҷуброни шикастҳои сиёсӣ ва низомӣ дар муқобили меҳвари муқовимат тарроҳӣ, созмондиҳӣ ва иҷро шудааст. Дар ҳамин росто, Маҳмуд Аз Зиҳор, узви аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ҳадаф аз тавофуқи оддисозии равобит байни Иморот ва режими саҳюнистӣ, зарба задан ба муқовимат аст.

 

Барчасп