Тавофуқи Тел-Авив-Абузабӣ ва саҳнае, ки дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмонро дучори шок кард
(last modified 2020-08-20T02:35:21+00:00 )
Август 20, 2020 07:35 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тел-Авив-Абузабӣ ва саҳнае, ки дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмонро дучори шок кард

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон дар суханоне гуфт, ки аз табрикгӯии духтарбчаи аморотӣ ба муносибати тавофуқи Абузабӣ ва Тел-Авив дучори шоку ҳайрат шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Алӣ Муҳиддин Қарадоғӣ дар ҳисоби тветтирии худ навишт: «Саҳнаҳое аз хушҳолии аморотиҳо ба хотири оддисозии равобит бо саҳюнистҳоро дидам, аммо вокунише ба онҳо нишон надодам; Чаро, ки онҳо танҳо абзоре дар дасти дастгоҳҳои амниятӣ ҳастанд. Аммо аз дидани саҳнаи табрики ин хиёнат тавассути як духтарбачаи аморотӣ шок шудам.»

 Вай афзуд: Ҳатто кишварҳое, ки аз солҳо қабл равобитшонро бо саҳюнистҳо оддӣ кардаанд, ингуна кӯдаконашонро таҳти фишор намегузоранд.

 Интишори як видео аз як духтарбачаи аморотии 10 сола бо либоси маҳаллии ин кишвар, ки ба забони ибрӣ тавофуқ бо режеми саҳюнистиро табрик мегӯяд, интиқодҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст.

 Ин духтарбача дар видео мегӯяд: «Дуруд бар Шумо. Мо аз ин тавофуқ, ки Аморот ва Исроилро дар канори ҳам ҷамъ кард, хушнудем ва умедворем, ки ин иқдом нахустин гом барои оғози сулҳ миёни тамоми кишварҳо бошад.»

 

Барчасп