Ҳаммос; Масҷидул-Ақсо хатти қирмиз боқӣ мемонад
(last modified Thu, 20 Aug 2020 12:59:09 GMT )
Август 20, 2020 17:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳаммос; Масҷидул-Ақсо хатти қирмиз боқӣ мемонад

Ҳаммос дар баёнияе ба муносибати солгарди ба оташ кашида шудани Масҷид Ал-Ақсо таъкид кард, Масҷид Ал-Ақсо хатти қирмиз боқӣ мемонад ва ҳар дасте,ки қасди бе ҳурмат кардани онро дошта бошад, қатъ хоҳад шуд.

 Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс, дар баёнияи Ҳаммос омадааст, табъидм ходимон ва нигаҳбонони Масҷид Ал-Ақсо ва низ боздошти Шайх «Роид Саллоҳ» чизе ҷуз талош барои зарба задан ба ин масҷид нест. 
 
 Ҳаммос, ваҳдатро қавитарин силоҳ дар муқобила бо ишғолгар ва тавтеаҳои хабисонаи он унвон ва бар лузуми иттихози сиёсати муштарак барои муқобила бо тарҳҳои илҳоқ, яҳудисозӣ ва шаҳраксозӣ таъкид кард. 
 
 Ҳаммос ҳамчунин бо маҳкум кардани раванди оддисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо режим саҳюнистӣ, ин иқдомро ба масобаи чоқу задан ба қалби масъалаи Фаластин ва хиёнат ба Масҷид Ал-Ақсо, Қудс ва Фаластин тавсиф кард.