Сентябр 13, 2020 09:36 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Ғазза тасовири ҳокимони Баҳрайн ва Иморотро оташ заданд

Сокинони Ғазза дар эътироз ба оддисозии равобити Манома ва Абу Забӣ бо Тел Авив, тасовири ҳуккоми Баҳрайн ва Иморотро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии «Таймз Исроил», мардуми Ғазза шомгоҳи шанбе бо таҷаммӯъ дар маркази шаҳри Dair Albalah, тасовири Ҳамад бин Исо Оли Халифа, подшоҳи Баҳрайнро оташ зада ва тавофуқи оддисозии ин кишвар бо режими саҳюнистиро ханҷаре аз пушт ба ормони Фаластин унвон карданд.

Мардуми Ғазза ҳамчунин дар ин таҷаммӯъ тасовири Бенёмин натаняҳу, нахуствазири Исроил, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, Муҳаммад бин Зоид, валиъаҳди Абу Забӣ ва Муҳаммад бин Рошид Ол Мактум, ноибраис ва нахуствазири Иморотро ба оташ кашида ва зери по лагадмол карданд.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз як моҳ аз эъломи тавофуқи оддисозии равобит байни режими саҳюнистӣ ва Иморот нагузаштааст, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа (11сентябр) аз оддисозии равобит байни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ин тавофуқ бо интиқодҳои густурда дар ҷаҳони Ислом мувоҷеҳ шудааст.

Талоши режимҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо Исроил дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ солҳо аст илова бар саркӯби фаластиниён бисёре аз манотиқи арабӣ - исломиро ишғол кардааст.

 

Барчасп