Санъо: Шоҳи Арабистон агар метавонад бо худи Эрон рӯ ба рӯ шавад
(last modified 2020-09-24T06:35:28+00:00 )
Сентябр 24, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Санъо: Шоҳи Арабистон агар метавонад бо худи  Эрон рӯ ба рӯ шавад

Узви баландпояи Шӯрои олии сиёсии Яман дар тветте кинояомез ба иддаоҳои подшоҳи Саъудӣ дар маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрону Яман вокуниш нишон дод

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Алолам , Муҳаммадалӣ Алҳавсӣ-узви баландпояи Шӯрои олии сиёсии Яман дар сафҳаи Твнттери худ навишт: « Малик Салмон ба хубӣ медонад, ки ҷанги яманиҳо фақат бо Амрикое аст, ки бо силоҳҳояш аз хоки Арабистон алайҳи миллати Яман ме‎ҷангад.»

 Вай афзуд : « Агар подшоҳи Саъудӣ ҳисобу китобҳое  бо Эрон дорад , беҳтар аст бо худи ин кишвар рӯ ба  рӯ шавад.»

Подшоҳи Саъудӣ рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне дар ҳафтоду панҷумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид муддаӣ шуд, ки Риёз ҳаргиз аз миллати Яман даст намекашад, то аз « султа »и  Эрон раҳо шаванд .

 Ин дар ҳоле аст, ки режими таҳти амри Малик Салмон аз шаш сол пеш бераҳмона‌тирин ва вайронгартарин ҷангро алайҳи миллати Яман ба роҳ андохта ва илова бар куштори ҳазорон нафар аз мардуми бедифои ин кишвар, онҳоро ҳадафи муҳосираи ҳамаҷонибаи заминӣ,баҳрӣ ва ҳавоӣ қарор дода аст .

 

Барчасп