Кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ дар ҷанги эътилофи мутаҷовизи саудӣ
(last modified 2020-09-24T13:57:36+00:00 )
Сентябр 24, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ дар ҷанги эътилофи мутаҷовизи саудӣ

Вазорати ҳуқуқи башари Яман дар гузорише аз кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ дар ҳамалоти эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.

Вазорати ҳуқуқи башари Яман  чаҳоршанбе дар бораи ҷиноёти ҷанги эътилофи саудӣ эълом кард , 16 ҳазору 771 ғайринизомии яманӣ дар шаш соли ҷанги эътилофи саудии зидди Яман  кушта ва дасти ками 26 ҳазору 359 нафар низ захмӣ шуданд .  
Вазорати ҳуқуқи башар таъкид кард , эътилофи саудӣ тайи шаш соли ҷанги зидди Яман , ҳазорон ҳамлаи низомии заминӣ , дарёӣ ва ҳавоӣ ба манотиқи ғайринизомии ин кишвар анҷом дод, ки бар асари ин ҳамалот беш аз 4 миллиону 147 ҳазор яманӣ овора шуданд .
Дар ин гузориш омадааст , эътилофи мутаҷовизи саудӣ беш аз 480 бемористон, маркази омӯзишӣ ва 92 мошини имдодиро ҳадаф қарор дода ва се ҳазору 700 маркази омӯзиширо низ тахриб кардааст .  
 Арабистони Саудӣ дар ҷанги зидди Яман  садҳо ғайринизомӣ ва фаъоли ҳуқуқиро рабуда ва аз силоҳҳои мамнӯа ва бомбаҳо  хӯшае дар сатҳи густарда истифода кардааст.  
Вазорати ҳуқуқи башари Яман  афзуд , беш аз 60 дар сади яманиҳо аз гуруснагӣ дар ранҷ ҳастанду 350 ҳазор яманӣ аз сафари дармонӣ маҳруманд .