Октябр 12, 2016 18:58 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти Насруллоҳ дар рӯзи ошуро

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, коҳиши ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи Лубнонро нишондиҳандаи пирӯзии неруҳои муқовимат донист.

Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ дар ҷамъи азодорони Ҳусайнӣ дар Зоҳияи Бейрут гуфт: Коҳиши ҳаҷми инфиҷорҳо ва ҳамлаҳои террористӣ дар бахшҳои мухталифи Лубнон дар соли ҷорӣ нишондиҳандаи муваффақияти тарҳҳои амниятии неруҳои муқовимат ва аҷзи террористҳо дар рӯёрӯӣ бо неруҳои артиш ва муқовимати Лубнон аст.

Насруллоҳ дар бораи шикасти Арабистон дар Яман ҳам гуфт: Ин ҷанг ангезаи сиёсӣ надорад, балки ношӣ аз кинаи саудиҳо алайҳи яманиҳост.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бахши дигари суханонаш, амният, субот ва сулҳи дохилии Лубнонро хати қирмизи ин кишвар баршумурд ва таъкид кард: Ин масоил мабнои сиёсат, иқтисод, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳалли буҳронҳои маишатии Лубнон аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ ҳимоят аз артиши Лубнон ва дастгоҳҳои амнияти Лубнонро ба дур аз ҳар гуна мулоҳизот ва хаткашиҳои сиёсӣ зарурӣ хонд ва гуфт: Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии артиш, дастгоҳҳои амниятӣ ва тафоҳуми Лубнониҳо ба унвони танҳо гузина дар масири суботи кишвар лозим аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо арзёбии мусбат аз раванди сиёсии мусбат дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Лубнон тайи чанд ҳафтаи охир афзуд: Муқовимати Лубнон аз ҳар таҳаввули сиёсӣ, ки ин масъаларо ба натиҷаи мавриди интизор бирасонад, истиқбол мекунад.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ бори дигар бо таъкид бар мавзеи собити Ҳизбуллоҳ дар ҳимоят аз номзадии Мишел Авн дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Лубнон, дар бораи тавтиаи баъзе тарафҳо, ки мекӯшанд аз масъалаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои эҷоди фитна миёни Ҳизбуллоҳ, ҷараёни милли Озод, ҷунбиши Амал ва ҷараёни ал-Марада, сӯиистифода кунанд, ҳушдор дод.

 

Барчасп