Ноябр 23, 2020 19:46 Asia/Dushanbe

Сухангӯи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман аз ҳамлаи мушакӣ ба истгоҳи тавзеи ширкати нафтии Оромко дар шаҳри Ҷиддаи Арабистон хабар дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алмасира", Яҳё Сареъ имрӯз душанбе таъкид кард: Воҳиди мушакии артиши Яман муваффақ шуд бо як фарванд мушаки болдор аз навъи Қудс - 2 истгоҳи тавзеи ширкати нафтии Оромкоро дар шаҳри Ҷидда ҳадаф қарор диҳад.
 

Мушаки Қудси -2

  • Яҳё Сареъ афзуд, мушаки Қудс - 2 бо муваффақият ба ҳадаф бархӯрд карду мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ ба суръат ба ин маҳал эъзом шуданд. 

 
Сухангӯи артиши Яман гуфт, ин амалиёт дар посух ба идомаи таҷовуз ва муҳосираи Яман ва низ ваъдаи чанд рӯзи пеши нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар хусуси анҷоми амалиёти густарда дар умқи Арабистони Саудӣ анҷом шудааст.
 
Ҳушдори сухангӯи артиши Яман ба атбои хориҷӣ дар Арабистон
 
Сареъ бори дигар хитоб ба шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷии фаъол дар Арабистони Саудӣ таъкид кард: Бо тавваҷуҳ ба ин ки амалиёти артиши Яман идома хоҳад дошт, бояд аз таъсисоти ҳаётӣ дур шаванд, зеро ин таъсисот дар феҳристи аҳдофи мо қарор доранд.

Қудрати дифоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи ин кишвар тавассути режими саудӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.


Арабистон‌‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
 
 
Бештар бихонед:
 

Барчасп