Декабр 18, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Боҷхоҳии режими Исроил аз Навори Ғазза
    Боҷхоҳии режими Исроил аз Навори Ғазза

Масъулони саҳюнистӣ дар дидор бо масъулони фаластинӣ гуфтаанд, ки дар сурати озодии асирони худ, иҷоза хоҳад дод ваксинаи корона вориди навори Ғазза шавад.

Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба сӯиистифода аз ҳар масъалае дар навори Ғазза идома медиҳад то битавонад асирони худро, ки дар банди нерӯҳои муқовимати Фаластин ҳастанд, озод кунад.

Рӯзномаи “Алахбор”-и Лубнон гузориш дод, саҳюнистҳо ин бор барои расидан ба мақсадҳои худ, вазъияти беҳдоштӣ ва пизишкии сокинони навори Ғаззаро гаравгон гирифтаанд то битавонанд аз муқовимати Фаластин боҷхоҳӣ кунанд.

Ба гузориши ин рӯзнома, саҳюнистҳо ба масъулони фаластинӣ гуфтаанд, ки ирсоли ҳар гуна ваксина барои вируси корона дар навори Ғазза бастагӣ дорад ба масъалаи сарбозону асирони саҳюнист, иқдоме ки бо тааҳҳудоти ин режим дар протоколи иқтисодии Порис, ки дар соли 1994 бо Ташкилоти худгардон имзо кард, дар таззод аст.

Бинобар ин гузориш, режими саҳюнистӣ мувофиқат кардааст, ки чаҳор миллион доза аз ваксинаи русии корона ба мардуми Фаластин таҳвил дода шавад, вале бино ба «далоили беҳдоштӣ” ҳозир нест онро дар байни фаластиниён тақсим кунад.

“Алахбор” дар идома навишт: Дар рӯзҳои ахир нишасте байни масъулони фаластинӣ ва саҳюнистӣ дар бораи наҳваи ворид кардани ин ваксинаҳо ба манотиқи мухталифи Фаластин баррасӣ шуд, вале саҳюнистҳо дар ин дидор ҳам масаълаи озодсозии асирони худро матраҳ карданд.

Ба гузориши ин рӯзнома, саҳюнистҳо ба ин масъала басанда накарданд, балки дар ҷараёни дидор бо масъулони Вазорати беҳдошти Фаластин, Кумайл Абурукн, масъули ҳамоҳангкунандаи давлати режими саҳюнистӣ дар манотиқи ишғолӣ Ташкилоти худгардонро ташвиқ кард, ки «тардид накунанд ва дар хариди ваксина шитоб кунанд”.

Шабакаи саҳюнистии “Кон” ҳам гузориш дод, бо вуҷуди ин ки мушаххас нест ки оё Тел-Авив қасд дорад ин ваксинаҳоро ба Ташкилоти худгардон таҳвил диҳад ё не, манобеи байналмилалӣ муддаӣ ҳастанд, ки ин режим мамониате бо интиқоли ин ваксина нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Ғазза бо афзоиши чашмгири омори мубталоён ба корона рӯ ба рӯ аст, зеро мавҷи кунунии густариши ин вирус дар муқоиса бо мавҷи қаблӣ бузургтару фарогиртар аст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп