Даргузашти ду табиби тоҷик дар Яман
-
То оғози ҷанг дар Яман садҳо пизишки тоҷик дар ин кишвар фаъолият мекарданд
Ду пизишки тоҷик, ки дар Яман ба унвони ҷарроҳ ва мутахассиси бемориҳои дохилӣ фаъолият мекарданд, бар асари сактаи қалбӣ ва сактаи мағзӣ фавт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Манучеҳр Абдиев, намояндаи ширкати русии “Здравэкспорт”, ки масъули истихдоми пизишкони тоҷик дар Яман аст, бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки Ҷамшед Бегалиев ва Сайидмуҳиддин Тошеви 49 ва 56 сола ахиран фавт кардаанд.
Ба гуфтаи вай, хонаводаҳои ин ду пизишк дар Тоҷикистон барои хоксупории онон дар шаҳри Ал-Мукаллои Яман ризоият додаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ду пизишки тоҷик дӯстони наздик будаанд ва яке аз онҳо пас аз шунидани хабари даргузашти дӯсташ ҷони худро аз даст додааст.
Ин ду пизишки тоҷик дар бемористони хусусии Бӯалӣ Синои шаҳри Ал-Мукаллои Яман фаъолият мекарданд ва ба гуфтаи манобеи яманӣ маоши онон сари вақт пардохт мешуд.
Манучеҳр Абдиев гуфтааст, ки то оғози ҷанг дар Яман садҳо пизишки тоҷик дар ин кишвар фаъолият мекарданд, ки акнун теъдоди онон байни 50 то 80 нафар аст ва бақия ин кишварро тарк кардаанд.
Бештар бихонед:
- Қадрдонии раиси вилояти Маскав аз пизишки ҷарроҳи қалби тоҷик
- Таътил шудани нахустин бемористони Яман ба далели поён ёфтани сӯхт
- Хароб кардани беш аз 300 маркази дармонии Яман тавассути эътилофи Саудӣ