Январ 25, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи Амрико аз Ироқ ҳастанд
    Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи Амрико аз Ироқ ҳастанд

Манобеи ироқӣ аз ҳадаф қарор гирифтани як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ дар Ироқ хабар доданд.

Ба гузориши канали телеграмии “Собирин Нюс”, як корвони пуштибонии низомиёни амрикоӣ рӯзи душанбе дар бузургроҳи Басра - Носирия ҳадаф қарор гирифт.

Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар ҳанӯз мунташир нашудааст.

Дар моҳҳои ахир корвонҳои ҳомили таҷҳизоти пуштибонӣ барои низомиёни амрикоии мустақар дар пойгоҳҳои низомии Ироқ борҳо ба сурати ҳафтагӣ ва ҳатто рӯзона ҳадафи инфиҷори бомбаҳои канорироҳӣ қарор гирифтаанд.

Гурӯҳҳои ироқӣ пеш аз ин эълом карда буданд, ки муҳлати пешниҳодшуда ба давлати Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ барои ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ба поён расидааст.

Мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи Амрико аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ пештар тарҳеро дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо ба тасвиб расонидааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп