Тахриби деҳаи фаластинии "Ал-Арақиб" тавассути низомиёни саҳюнист
Режими саҳюнистӣ деҳаи фаластинии "Ал-Арақиб" дар сарзаминҳои ишғолиро 183-юмин бор пай дар пай дар қаламравҳои забтшуда хароб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурӯҳе аз низомиёни саҳюнист рӯзи чаҳоршанбе ба ҳамроҳи чандин дастгоҳи булдозер ба рустои Ал-Арақиб юриш бурд, хонаҳои фаластиниёнро тахриб карда ва чодарҳои насб шударо ҳам мусодира карданд.
Деҳаи Ал-Арақиб дар биёбони Нақаб ҷойгир аст ва режими саҳюнистӣ саъй дорад онро нобуд кунад ва сокинони ин деҳаро ба ҳар роҳе кӯчонад, то битавонад заминҳои ин деҳаро барои обод кардани шаҳраке барои ишғолгарони саҳюнист истифода кунад.Деҳаи Ал-Арақиб аз аввали соли равон 12 маротиба хароб шудааст, аммо ҳар дафъа сокинони он хонаҳои худро сохта, намехоҳанд аз хонаҳои худ берун раванд.
Созмонҳои байналмилалӣ борҳо тахриби рустои Ал-Арақибро маҳкум карда ва аз режими саҳюнистӣ даъват кардаанд, ки тахриби хонаҳои бодиянишинони фаластиниро дар ин минтақа қатъ кунад, аммо режими саҳюнистӣ ба вайрон кардани рустои Ал-Ароқиб ва овора кардани сокинони он идома медиҳад.
Бештар бихонед: