Март 04, 2021 14:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопаймоҳои бесарнишини Яман пойгоҳи Малик Холидро дар ҷануби Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор доданд
    Ҳавопаймоҳои бесарнишини Яман пойгоҳи Малик Холидро дар ҷануби Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор доданд

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки бесарнишинҳои артиши ин кишвар пойгоҳи Малик Холид дар минтақаи Хамис Машити Арабистонро ҳадаф қарор додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал-Масира, Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди панҷшанбе аз ин ҳамлаи паҳподӣ хабар дод ва гуфт: "Ин амалиёт бо истифода аз паҳподи Қосиф  k2 анҷом шуда ва бо диққат ба ҳадафи мавриди назар дар пойгоҳи Малик Холиди Арабистон исобат кардааст." 

Ин дар ҳолест, ки эътилофи саъудӣ ҳам муддаӣ шуд як паҳподи Яманиро раҳгирӣ ва мунфаҷир кардааст. 
  
Рӯзи якшанбе як воҳиди бесарнишини артиши Яман дар фурудгоҳи Абуха дар ҷануби Арабистони Саудӣ як ҳавопаймои ҷангии Саудиро ҳадаф қарор дод. Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишинро ҳамчун вокуниш ба афзоиши муҳосира ва афзоиши ҳамлаҳои эътилофи таҷовузкори Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони он тавсиф кард.  

 

Бештар бихонед:

Барчасп