Март 13, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Мардуми хашмгин дар назди беморхонаи Ал-Солт ҷамъ омада, хостори муҳокимаи вазири тандурустӣ ва раиси бемористон шуданд
    Мардуми хашмгин дар назди беморхонаи Ал-Солт ҷамъ омада, хостори муҳокимаи вазири тандурустӣ ва раиси бемористон шуданд

Марги теъдоде аз беморони коронаӣ дар бемористони давлатии Урдун ба далели қатъи оксиген, хашми мардум ва тазоҳуроти онон муқобили бемористонро ба бор овард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи Ал-Олам, дар як ҳодисаи дарднок, кислороди бемористони вижаи беморони Ковиди 19 дар пойтахти Урдун қатъ шуд, ки ин масъала сабаб шуд 8 бемор ҷони худро аз даст бидиҳанд.

Ҳоли чанд бемор низ ногувор гузориш шудааст. 

Вазири тандурустии Урдун пас аз ин ҳодиса истеъфо дод, аммо ба гуфтаи бархе манобеъ, ин истеъфо ба дастури Абдуллои дувум подшоҳи кишвар будааст. 

Бо ин ҳол мардуми хашмгин эълом кардаанд, ин иқдомро кофӣ намедонанд ва хостори муҳокимаи вазири тандурустӣ ва авомили бемористони давлатии Ал-Салт ( Al - Salt ) ҳастанд.

Шоҳи Урдун дар пайи боло гирифтани хашми умумӣ дар ин кишвар пас аз ин ҳодиса аз бемористони Ал-Салт боздид кард. 

Вай ба раиси бемористон дастур дод фавран истеъфо кунад ва бо шаҳрвандоне, ки дар муқобили бемористон таҷаммӯъ карда буданд низ сӯҳбат кард. 

Омори мубталоён ба корона дар ҳафтаҳои ахир дар Урдун ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст . 

Дар Урдун токунун гирифтор шудани 464 ҳазору 856 нафар ба Ковиди 19 таъйид шуда ва 5 ҳазору 244 нафар низ аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Барчасп