Назари манфии аҳли суннати Лубнон дар бораи ваксинаи корона дар моҳи Рамазон
(last modified 2021-04-02T13:56:36+00:00 )
Апрел 02, 2021 18:56 Asia/Dushanbe
  • Дар арафаи оғози моҳи Рамазон аз ҷониби олимони ислом масъалаи таъсири ваксина ва тести корона ба рӯзадорӣ ба миён гузошта мешавад
    Дар арафаи оғози моҳи Рамазон аз ҷониби олимони ислом масъалаи таъсири ваксина ва тести корона ба рӯзадорӣ ба миён гузошта мешавад

Муфти аҳли суннати Лубнон ба пурсиш дар бораи тести pcr ва ваксинаҳои корона дар ҳангоми рӯзадорӣ посух дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Шафақна, муфтии аҳли суннати Лубнон шайх Абдулатиф Дарён дар фатвое эълом кард: «Пас аз огоҳӣ аз роҳҳои иҷрои тести корона ва ё он чӣ таҳти унвони тести pcr шинохта мешавад, мушаххас шуд, ки дастгоҳи мавриди истифода дар ин тест хушк асту бинобарин рӯзаро ботил намекунад.» 

Вай инчунин дар бораи ваксинаи корона гуфт, ки ваксина, чӣ дар дохили мушак ва чӣ ба воситаи вена, рӯзаро фосид намекунад, агар он дар шакли ғизо, яъне тазриқи сурум  бошад.

Наздик будани моҳи Рамазон ва оғози ваксинатсияи корона дар бисёре аз кишварҳо, иддаи зиёдӣ аз мусулмононро бо ин пурсиш, ки дарёфти ваксина дар тӯли рӯз сабаби ботил шудани рӯза мешавад ё на, рӯ ба рӯ кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп