Афзоиши қурбониёни инфиҷор дар бемористони коронаиҳо дар Бағдод +клип
(last modified Mon, 26 Apr 2021 08:42:45 GMT )
Апрел 26, 2021 13:42 Asia/Dushanbe

Шумори қурбониёни оташсӯзӣ дар бемористони Ибни Алхатиби Бағдод, ки маҳали бистарии беморони коронаӣ будааст, ба камаш 82 нафар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, манобеи ироқӣ рӯзи якшанбе эълом карданд 82 нафар шомили беморону кадри дармон дар инфиҷори шомгоҳи шанбе дар бемористони Ибни Алхатиби Бағдод ҷони худро аз даст додаанд.

 Манобеи хабарӣ дар Бағдод эълом карданд, ки ин оташсӯзӣ бар асари инфиҷори теъдодӣ аз балонҳои кислород рух додааст.

    Дар Ироқ се рӯз азои умумӣ эълом шудааст.

 

  Бештар бихонед :