Нокомӣ дар ташкили кабина: поёни Натаняҳу ё идомаи бунбасти сиёсӣ дар Исроил?
(last modified 2021-05-06T08:16:02+00:00 )
Май 06, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Нокомии Бинямин Натаняҳу дар ташкили кабина
    Нокомии Бинямин Натаняҳу дар ташкили кабина

Бо поёни муҳлати 28 рӯзаи Бинямин Натаняҳу, вай дар ташкили кабинаи муваффақ набудааст.

Бо нокомии Натаняҳу ду саволи муҳим матраҳ мешавад. Саволи нахуст ин аст, ки чарои Натаняҳу, ки 12 соли пайдарпай мақоми нахустивазириро дар ихтиёр доштааст, муваффақ ба ташкили кабина нашуд? Саволи дигар ин аст, ки бо нокомии Натаняҳу, акнӯн вазъияти нахуствазир ва ташкили кобинаи Исроил чӣ мешавад?

Дар бораи далоили нокомии Натаняҳу метавон ба чанд даста мавзӯ ишора кард.

Мавзӯи нахуст марбӯт ба худи Натаняҳу аст. Нахуствазири Исроил аз як сӯ ба муддати 12 сол аст, ки ин мақомро дар сарзаминҳои ишғолӣ дар ихтиёр дорад ва аз сӯи рақибон ба диктаторӣ муттаҳам шудааст ва аз сӯи дигар бо парвандаҳои фасод мувоҷеҳ аст. Рақибони Натаняҳу хостори канор рафтани вай ва чархиш дар қудрат ҳастанд, аммо Натаняҳу ин ҳаросро дорад, ки бо канор рафтан аз нахуствазирӣ ва муҳокима дар парвандаҳои фасод, роҳии зиндон шавад. Бар ин асос бар бақо дар нахуствазирӣ, пофишорӣ дорад ва ҳатто пеш аз ин бо Benny Gantz барои нахуствазирии чархишӣ ба тавофуқ расида буд. Мунтақидон бар ин бовар ҳастанд шахси Натаняҳу дар солҳои ахир ба унвони омили аслӣ бесуботӣ ва адами имконпазирии ташкили кобина зоҳир шудааст ва азми ҷиддӣ барои канор задани вай аз қудрат доранд.

Мавзӯи дигар марбӯт ба шикофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ аст. Натаняҳу аз ростгароёни исроилӣ аст, ки пойгоҳ ва нуфӯзи қобили мулоҳизае низ дар миёни мазҳабиюни ин режим дорад. Дар ҳоле, ки дар даври ахир Натаняҳу барои эътилоф бо бархе гурӯҳҳои арабӣ эъломи омодагӣ карда буд, аммо муттаҳидони мазҳабии вай мухолифи эътилоф бо феҳристи муттаҳиди арабӣ буданд(Роъим). Гурӯҳи саҳюнизми мазҳабӣ дар эътилофи Натаняҳу, «Роъим»-ро ҳомии тероризм медонад ва асосан ташкили кобина бо аъробро напазируфта ва ин аз иллатҳое аст, ки сабаб шуд, ташкили кобина ба раёсати Натаняҳу тақрибан номумкин шавад.

Мавзӯи сеюм, як масаълаи қонуӣ дар Исроил аст. Мутобиқи қонун барои ташкили кобина ба ҳимояти аксарияти мутлақи аъзои порлумон ниёз аст. Порлумони Исроил 120 курсӣ дораду нахуствазир бояд ҳимояти 61 намояндаро барои ташкили кобина ба даст оварад. Дар 4 интихоботи гузашта ҳеч ҷараёне муваффақ ба касби 61 курсӣ нашудааст. Натаняҳу ва ҳомиёни вай дар интихоботи ахир ҷамъан 52 курсиро дар ихтиёр доштанд ва барои расидан ба 61 курсӣ бояд ҳимояти дастикам ду ҳизби сиёсиро ба даст меовараданд. Натаняҳу дар рӯзҳои поёнии муҳлати 28 рӯзаи худ талош кард, ҳимояти Нафтали Беннет, раиси ҳизби Йеменаро, ки 7 курсӣ дорад ба даст оварад, аммо ҳам натавонист ва ҳам инки ҳатто дар сӯрати ба даст овардани ҳимояти Йемена боз ҳам бояд ҳимояти ҳизби дигареро низ ба даст меоварад, ки ин мушкили қонӯни нақши муҳимме дар нокомии вай барои ташкили кобина доштааст.

Саволи дигар ин аст, ки акнӯн вазъияти ташкили кобинаи Исроил чӣ мешавад?

Гумоназаниҳои расонаӣ ҳокӣ аз ин аст, Reuvenи Rivlin, раиси режими саҳюнистӣ метавонад фурсати Натаняҳуро барои муддати ду ҳафтаи дигар тамдид кунад, аммо ин корро намекунад, чаро ки тақрибан итминон дорад фурсат додан ба Натаняҳуи сабаби ташкили кобина намешавад. Бинобар ин, расонаҳои исроилӣ, аз ҷумлаи “Yediothи Ahronoth” навиштаанд, эҳтимолан Rivlin ба Yairи Lapid, раҳбари ҳизби Атид, маъмурияти ташкили кобина медиҳад.

Lapid як миёнарави ба шиддат секулар аст. Бинобар ин мазҳабиюни Исроил аз вай барои ташкили кобина ҳимоят нахоҳанд кард. Бо ин ҳол, мумкин аст, рақибони Натаняҳу дар ҷараёни рост, аз ҷумла Нафтали Беннет, Gideon Saer ё ҳатто Avigdor Lieberman аз нахуствирии Lapid ҳимоят кунанд то амалан дар гоми нахусти Бинямин Натаняҳуро аз қудрат канор зананд. Бо тавваҷуҳ ба ин вазъият ҳатто агар Lapid барои ташкили кобина муаррифӣ ва муваффақ ба анҷоми он низ шавад, кобинаи оянда ба далели ҳузури қишрҳои мутаориз,шикананда хоҳад буд. Агар шахсиятҳо ва аҳзоби исроилӣ бар рӯи Lapid тавофуқ накунанд, ба маънои инҳилоли муҷаддади порлумон ва тадовуми бунбасти сиёсии кунунӣ дар Исроил хоҳад буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп