Май 07, 2021 20:06 Asia/Dushanbe
  • Охирин рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст
    Охирин рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст

Маҳдудиятҳои ношӣ аз корона агарчӣ роҳпаймоиҳои азими ҳарсола ва шакли баргузории Рӯзи Қудсро дастхуши тағиротӣ кард, аммо асли он, яъне зулмситезӣ ва ҳимоят аз Қудси шариф побарҷо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, мардуми Ироқ рӯзи ҷумъа ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар эълом карданд ҳамвора аз мардуми Фаластин ҳимоят хоҳанд кард.

Мардуми Ироқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо роҳандозии постӣ бо унвони "Ал-Қудс -ақраб (Қудс наздиктар аст)" ҳимояти худро аз Фаластин дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс эълом ва таъкид карданд ҳамчунон масъалаи Фаластин барои онҳо дар авлавият қарор дорад.

Дар Баҳрайн низ мусулмонон шабона тазоҳуроти Рӯзи Қудсро баргузор карда ва зидди режими саҳюнистӣ ва Амрико шиор сар доданд.

Дар Лубнон нишасти ҳамандешии аъзои аршади гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ва Лубнон барои ҳимоят аз Қудси шариф баргузор шуд ва ҳозирон дар нишасти ҳамбастагӣ ва ваҳдатро роҳкори муқобила бо саҳюнистҳо унвон карданд.

Ҳамзамон бо фаро расидани Рӯзи ҷаҳонии Қудс, Вазорати аршад ва ҳаҷи Давлати Наҷоти Миллии Яман, ҳамоишеро ба унвони "Ормони Фаластин аз ҳимоят то хиёнат" дар Санъо баргузор кард ва ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш эълом карданд ҳадаф аз бузургдошти ин рӯз, бозгашти таваҷҷӯҳи мардум ба масъалаи марказӣ ва аслии уммати исломӣ аст.

Ҷумъа 7 май 2021 (17 урдибиҳишт 1400) мусодиф бо 24 Рамазон 1442 Рӯзи Ҷаҳонии Қудс аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп