Тасмими Ташкилоти Худгардон барои фиристодани ҷиноёти Исроил дар ҷанги 11 рӯза ба Девони байналмилалӣ
(last modified 2021-05-21T12:15:23+00:00 )
Май 21, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Ташкилоти Худгардон барои фиристодани ҷиноёти Исроил дар ҷанги 11 рӯза ба Девони байналмилалӣ
    Тасмими Ташкилоти Худгардон барои фиристодани ҷиноёти Исроил дар ҷанги 11 рӯза ба Девони байналмилалӣ

Нахуствазири Ташкилоти Худгардони Фаластин эълом кард, ки ҷиноятҳои режими Исроил алайҳи зану кӯдакони фаластиниро ба Девони Байналмилалии кайфарӣ гузориш хоҳад дод.

 Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин (Вафо ), « Муҳаммади Аштияҳ » имрӯз ( ҷумъа ) бо қадрдонӣ аз талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза, аз талошҳои номуваффақи Шӯроии амният дар судури қатънома барои таваққуфи таҷовузҳои Исроил интиқод кард. 

Аштяҳ ҳамчунин гуфт ҷиноятҳоеро, ки Исроил дар ҷанги 11 рӯза  алайҳи занону кӯдакони Ғазза муртакиб шуд, ба Девони байналмилалии кайфарӣ гузориш хоҳад дод. 

Вай афзуд  ин девон пештар низ дар бораи ҷиноятҳои Исроил дар се ҷанг  алайҳи мардуми Навори Ғазза  таҳқиқотеро оғоз карда буд. 

Ҷанги Исроил ва гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз рӯзи 10  май оғоз шуд ва имрӯз  21 май низ тарафайн бо миёнаравии бархе бозигарони хориҷӣ бо эҷоди оташбас мувофиқат карданд . Дар асари ин ҷанг, 243 тан, аз ҷумла  66 кӯдак, 39 зан ва 17 солманди фаластинӣ шаҳид ва як ҳазору 910 тан низ захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп