Ҳушдори Русия дар бораи пешбинии нақшаи террористҳо барои ҷиноёти дигар дар Сурия
(last modified 2021-05-24T11:17:32+00:00 )
Май 24, 2021 16:17 Asia/Dushanbe
  • Ахиран террористон якчанд контейнер маводи заҳролуд ва кимиёвиро ба вилояти Идлиби Сурия интиқол доданд
    Ахиран террористон якчанд контейнер маводи заҳролуд ва кимиёвиро ба вилояти Идлиби Сурия интиқол доданд

Маркази оштии Русия дар Сурия аз омода шудани террористҳо барои як ҳамлаи кимёвии ҷадид дар устони Идлиб дар шимоли ғарби ин кишвар хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, адмирал Александр Карпов муовини раиси маркази оштии Русия дар Сурия  якшанбешаб эълом кард: «Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии Сурия террористҳо барои як ҳамлаи кимёвӣ ҷадид ва куштори мардум дар устони Идлиби ин кишвар омода мешаванд то давлати Башшор  Асадро ба анҷоми он муттаҳам кунанд ва аз он барои эҷоди ихтилол дар раванди баргузории интихобот баҳра баранд. » 

Ба гуфтаи Карпов, унсурҳои гурӯҳҳои террористии "Ҷабҳат ан-Нусра" ва "Кулоҳҳои сафед" ахиран шаш контейнерро, ки дорои моддаҳои заҳролуд ва кимиёвӣ, эҳтимолан гази хлор мебошанд, ба минтақаи Ҷаср-аш-Шугури вилояти Идлиб интиқол доданд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия қарор аст рӯзи 25 май баргузор шавад.

Террористҳо пештар низ дар Хон Шайхуни Идлиб ва дигари манотиқи Сурия, аз ҷумла  дар Дума дар Ғутаи Шарқӣ ҳамлаҳои кимиёвӣ анҷом додаанд ва Димишқро дар баҳонае барои ҳамлаи низомии Ғарб ба Сурия гунаҳгор мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп