Май 28, 2021 20:56 Asia/Dushanbe
  • Табрики ҳампаймонони Сурия ба Башор Асад
    Табрики ҳампаймонони Сурия ба Башор Асад

Эрон, Русия, Чин ва Венесуэла башор Асадро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба давлат ва миллати Сурия табрик гуфтанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон  рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард: «Баргузории муваффақи интихобот ва мушорикати густардаи мардуми Сурия  гоми муҳимме дар истиқрори сулҳ, субот, оромиш, бозсозӣ ва шукуфоии Сурия аст.»

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид шудааст: «Ҷумҳурии Исломии Эрон  зимни эҳтиром ба тасмими мардуми Сурия, аз ҳаққи таъини сарнавишти миллати Сурия ва ояндаи он кишвар бидуни ҳаргуна дахолати хориҷӣ ҳимоят мекунад.»

 Ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Русия ба ҳамтоии сурии худ барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфт. 

Кремл эълом кард, ки Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путини  рӯзи ҷумъа паёме барои Башор Асад фиристод ва дар он унвон дошт: «Натоиҷи овоздиҳӣ ба сурати комил, бар қудрати сиёсии болои  шумо ва эътимоди шаҳрвандони кишвартон ба равиши раҳбарии шумо барои суботи авзоъ дар Сурия ва тақвияти ниҳодҳои давлат дар сариътарин замони мумкин таъкид дошт.» 

Кремл эълом кард, ки Путин дар ин паём бар азми Русия барои идомаи ҳаргуна ҳимоят ба шарики сурӣ дар мубориза бо тероризм ва радикализм ва пешрафти раванди мусолиҳаи сиёсӣ ва бозсозии  Сурия таъкид кард.

Вазорати хориҷаи Чин ҳам ба Башори Асад барои пирӯзии вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфт ва омодагии худро барои кумак ба Димишқ ба манзури дифо аз ҳокимият ва тамомияти Сурия эълом кард. 

Ҳамчунин раисҷумҳури Венесуэла  пирӯзии Башор Асад, ҳамтоии сурии худро дар интихобот табрик гуфт. 

Модуро пирӯзии қотеъи Башор  Асад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурияро пирӯзии сулҳ ва ҳокимияти миллӣ хонд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп