Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи амрикоиҳо дар "Айн-ул Асад"-и Ироқ
(last modified Mon, 24 May 2021 14:50:11 GMT )
Май 24, 2021 19:50 Asia/Dushanbe
  • Пойгоҳи Айн-ул-Асад низ дар авоили моҳи май чанд бор мавриди мушакборон қарор гирифт
    Пойгоҳи Айн-ул-Асад низ дар авоили моҳи май чанд бор мавриди мушакборон қарор гирифт

Манобеи расонаӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Айн -ул-Асад дар вилояти Ал-Анбар дар ғарби Ироқ хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Русия ал-Явм; пойгоҳи ҳавоии «Айн-ул-Асад» маҳалли истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Ироқ  зуҳри имрӯз  душанбе  ҳадафи се мушак қарор гирифт, ки яке ба дохили пойгоҳ ва ду мушаки дигар ба атрофи он партоб шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз дар бораи мизони хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла  хабаре мунташир нашудааст.

Пойгоҳи Айн-ул-Асад авоили моҳи май низ чандин  бор  ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифт.

Ин аввалин ҳамла ба ин пойгоҳ  баъд аз баёнияи тунди ҳайати « ҳамоҳангии муқовимати Ироқ » аст ки дар он аз ташдиди ҳамалоти худ ба нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ хабар дод. 

Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ хоҳони хуруҷи нерӯҳои террористи амрикоӣ аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хуруҷи ин нерӯҳо тасвиб кардааст.

 

Бештар бихонед: