Июн 01, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти кормандони UNRWA дар Ғазза

Кормандони UNRWA дар Ғазза дар эътироз ба ҳимояти мудири ин ожонс аз режими Исроил тазоҳурот карданд.

Шумори зиёде аз кормандони Ожонси имдодрасонии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA), дар эътироз ба ҷонибдории мудири ин ожонс аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги ахир алайҳи Навори Ғазз бо баргузории тазоҳурот, хостори барканории вай шуданд.

Садҳо нафар аз сокинони Навори Ғазза низ барои маҳкӯм кардани ин иқдом дар ин тазоҳурот, кормандони UNRWA-ро ҳамроҳӣ карданд.

Тазоҳуроткунандагон бо шиори «Маттиас бирав» хостори канорагирии ӯ аз мақомаш шуданду давраи хизмати ӯро «бадтарин давра» дар таърихи фаъолиятҳои UNRWA эълом карданд.

Муҳаммад Ғабн, узви ҳайати идори кормандони ин ожонси имдодрасон гуфт, Маттиас Шмалӣ(Matthias Schmale) 62 кӯдаки фаластинӣ, ки бархе аз онҳо донишомӯзони мадориси UNRWA ҳастанд ва тайи бомбаборонҳои Исроил кушта шудандро фаромӯш кардааст.

Вай афзуд: «аз замони тасаддии Маттиас дар мақоми раёсати UNRWA, ин ожонс ҳеҷ муваффақияти қобили таваҷҷӯҳе касб накардааст. Вай ҳатто тавофуқҳо бо ин кормандонро инкор мекунад. Бархе машоғилро мунҳал карда, кумакҳоро коҳиш дода, шумори донишомӯзон дар як синфро дар сояи коҳиши шумори муаллимон афзоиш дода ва ба ақди қарордоди муваққат бо муаллимон рӯй овардааст.»

Ба гуфтаи ин узви ҳайати идории комндони UNRWA, Маттиас Шмалӣ аз Лубнон ихроҷ шуд. Сурия вайро напазируфт ва дар ниҳоят вай ба Навори Ғазза фиристода шуд.

Маттиас Шмалӣ ахиран дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизионии исроилӣ гуфт, «ҳадафгириҳои Исроил дар ҷанги ахир бо диққати болое анҷом шуд ва Исроил аз ҳадаф қарор додани ғайринизомиён иҷтиноб кард.»

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза, теъдоди шаҳидони Навори Ғазза ба 253 нафар расида, ки дар миёни онҳо 66 кӯдак,  39 зан ва 17 солхурда дида мешавад ва 1948 нафар низ захмӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп