Лаҳзаи ҳамлаи террористӣ ба шаҳрдори Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i68662
Яке аз шаҳрдорони Туркия мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 13, 2021 12:21 Asia/Dushanbe

Яке аз шаҳрдорони Туркия мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт .

Ба гузориши гурӯҳи филму савти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Мустафо Биъик-шаҳрдори шаҳристони Июмро аз тавобеъи устони Тробозон дар шимоли Туркия рӯзи гузашта дар муқобили бинои  шаҳрдорӣ ва дар канори худрави худ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт .
Биъик, ки аз аъзои ҳизби Нек аст, дар ҳоле ки  панҷ гулула аз фосилаи 7 метрӣ ба самти ӯ шиллик шуда буд, аммо аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурд .
Фарди ҳамлакунанда дар паи ин ҳамла тавассути полис боздошт шуда ва то кунун дар бораи иллати ин ҳамла иттилооте мунташир нашудааст .