Муҳаммад ал Ҳавсӣ: барои посухи амалӣ ба тасмими дабири кулли СММ омода ҳастем
(last modified 2021-06-19T11:50:14+00:00 )
Июн 19, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад ал Ҳавсӣ: барои посухи амалӣ ба тасмими дабири кулли СММ омода ҳастем

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман аз посухи амалии Санъо ба дабири кулли Созмони милал ба далели қарор додани номи Ансоруллоҳи Яман ба ҷои режими Саудӣ дар феҳристи ноқизони ҳуқуқи кӯдак хабар дод.

СММ дар гузорише эълом кард, Антониу Гутерриш, дабири кулли ин созмон тасмим гирифта ҷумбиши Ансоруллоҳи вобаста ба Давлати наҷоти миллии Яманро дар феҳристи сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдакон қарор диҳад, тасмиме, ки дар бораи Арабистони Саудӣ гирифта нашудааст.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман тайи паёме дар “Твиттер” навишт: Санъо дар рӯзҳои оянда роҳпаймоиро бо ҳузури кӯдакони яманӣ ва нишон додани тасовире аз онҳо, ки тайи шаш сол тавассути эътилофи мутаҷовизи Саудӣ кушта шудаанд, баргузор хоҳад кард.

Вай афзуд, ин тасмими Гутерриш мустанад ба воқеаҳои майдонӣ ва гузоришҳои кумитаҳои мустақиле, ки мо хостори он шудем нест, балки дар ростои анҷоми муомилаи боҷгирона барои интихоби муҷаддади вай ба унвони дабири кулли Созмони милал аст.

Муҳаммад ал Ҳавсӣ бо баёни инки Созмони милал токунӯн ҳеч иқдоме барои ҳазорон кӯдаке, ки дар пайи таҷовузоти эътилофи Саудӣ кушта шудаанд, анҷом надода аз ҳама хост то дар рӯзҳо ва соатҳои оянда аксҳои ҷиноёти мутаҷовизон алайҳи кӯдаконро дар тамоми вебгоҳҳо, сафҳаҳо, паёмҳо мунташир кунанд то Гуттериш ва Созмони милал дар ҷаҳон расво шаванд.

Пеш аз ин Зайфуллоҳ ал Шомӣ, сухангӯи Давлати наҷоти миллии Яман қарор додани номи ин кишвар ба ҷои режими Саудӣ дар феҳристи ноқизони ҳуқуқи кӯдакро нишондиҳандаи ду рӯии ошкори Созмони милал донист ва онро маҳкӯм кард.

Ин иқдоми Созмони милал дар ҳоле сӯрат мегирад, ки ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумла беҳдошти ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ борҳо ҳушдор додаанд, ки бар асари идомаи ҳамалоти эътилофи Саудӣ ба Яман, мардуми ин кишвар бо қаҳтӣ ва бурӯзи як фоҷеъаи инсонӣ, ки дар қарни гузашта бе собиқааст, рӯбарӯ ҳастанд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп