Июл 06, 2021 16:10 Asia/Dushanbe
  • Аввалин шикасти кобинаи эътилофии режими саҳюнистӣ

Кобинаи ҷадиди режими Исроил ба раёсати Нафтали Бенет дар аввалин раъйгирии муҳими порлумони режими саҳюнистӣ аз замон ба даст гирифтани қудрат, шикаст хӯрд.

Пас аз талошҳои фаровони кобинаи эътилофии режими саҳюнистӣ барои тамдиди «қонуни шаҳрвандӣ» фаластиниён ё ҳамон қонуни «манъи гирдиҳам омадани хонаводаҳои фаластинӣ», тамдиди он дар  Кнессет раъй наёвард ва бад-ин тартиб кобинаи эътилофии ҷадиди Исроил ба раёсати Бенет аввалин шикасти худро таҷриба кард.

Нафтали Бенет, нахуствазири режими саҳюнистӣ натавонист раъйи кофӣ барои тамдиди қонунеро касб кунад, ки бар асоси он фаластиниҳое, ки дар сарзаминҳои ишғолӣ бо як исроилӣ издивоҷ мекунанд, ҳақи гирифтани шаҳрвандии Исроилро надоранд.

Баъд аз ҷаласаи тӯлонии дирӯз (душанбе) Кнессет, ки дар тамоми тӯли шаби гузашта идома дошт, дар ниҳоят орои мувофиқ ва мухолифи тамдиди ин қонун мусовӣ шуд ва давлати эътилофии Бенет дар гирифтани раъйи мусбат барои тасвиби тамдиди қонуни манъи гирдиҳам омадани хонаводаҳои фаластинӣ (қонуни шаҳрвандии фаластиниён) ноком монад.

Қонуни манъи шаҳрвандии фаластиниёни сокини арозии ишғолӣ, ки ҳамсари исроилӣ доранд, ҳудӯди ду даҳа пеш барои аввалин бор тасвиб шуд ва аз он замон то кунӯн ҳар сол тамдид шудааст, аммо кобинаи Бенет натавонист ин қонунро тамдид кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп