Юнисеф : Беш аз ёздаҳ миллион кӯдаки яманӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Сандӯқи кӯдакони милали муттаҳид " Юнисеф " рӯзи ҷумъа авзоъи инсонӣ дар Яманро фоҷеъабор хонд ва эълом кард : Беш аз ёздаҳ миллион кӯдаки яманӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Юнисеф дар гузорише бо баёни инки Яман бо бадтарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон рӯбарӯ аст тасреҳ кард: 11 миллиону 300 ҳазор кӯдак дар Яман ҳамакнун ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд
.Марк Ловкоки-муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умӯри башардӯстона низ ахиран эълом кард: Яман бо бадтарин фоҷеъаи инсонии таърих рӯбарӯ аст
.Кӯдакони яманӣ қурбониёни аслии таҳоҷуми эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ ба Яман ҳастанд .
Арабистон бо ҳимояти Амрико,Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз ҳабдаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафару оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст .
Бештар бихонед :
- Марги кӯдакони яманӣ ба сабаби набуди кумакҳои пизишкӣ