Сентябр 19, 2021 09:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории тазоҳуроти мардумӣ алайҳи давлати мустаъфӣ дар Таъизи Яман

Шаҳри Таъиз-воқеъ дар ҷануби Яман рӯзи шанбе шоҳиди тазоҳуроти густардаи мардумӣ дар эътироз ба вазъияти маъишатии вахими ин минтақа буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Албавоба алахбория алямания” ин тазоҳуротҳо мавсум ба « инқилоби гуруснагон » дар эътироз ба суқути арзиши пули Яман ва набуди хадамоти асосӣ дар ин устон аст ; устоне ки таҳти ишғоли эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ - аморотӣ қарор дорад .
Ин пойгоҳи яманӣ эълом кард тазоҳуроткунандагон шиорҳои тунде алайҳи давлати Абдураби Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури мустаъфии Яман сар доданд ва таъкид карданд давлати Мансур Ҳодӣ фақат шиори дуруғ медиҳад .
Муътаризон бо баёни инки мухолифи тадовуми афзоиши қимати маводи масрафӣ ва суқути арзиши риёли Яман ҳастанд, сиёсатҳои давлати Мансур Ҳодӣ ва эътилофи саъӯдӣ алайҳи иқтисоди миллии Яманро маҳкум карданд .
Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони саъӯдӣ дар бахшҳои ҷанубии Яман ҳузури низомӣ доранд ва аз муздурони маҳаллӣ барои амалиёти зидди неруҳои яманӣ истифода мекунанд .
Арабистон бо ҳимояти Амрикоморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Бештар бихонед :

 

Барчасп