Ноябр 09, 2021 11:09 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу: Эрон ба хубӣ медонад мо заиф ҳастем

Дар идомаи ҳамалоти нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ ба нахуствазири феълии ин режим, Натанёҳу гуфт: Имрӯз Эрон ба хубӣ медонад, ки мо заиф ҳастем.

Бенёмин Натанёҳу, нахусти вазири собиқи режими саҳюнистӣ, ки ҳамчунон наметавонад хашми худро аз шикаст дар муқобили эътилофи Беннет Лапид пинҳон кунад, бори дигар ба шиддат ба ин кабина тохт.

Рӯзномаи исроилии “Ҳйум” дар торнамои худ дар ин бора навишт: Раҳбари мухолифони давлат шомгоҳи душанбе ба шиддат ба нахуствазир ҳамла карда ва эълом кард, Нафтали Беннет заиф ва хомӯш аст ва тамоми раҳбарони ҷаҳон ӯро аслан ба ҳисоб намеоваранд, чун медонанд, ки ӯ сирфан як арӯсак дар ин сохтор аст.

Натанёҳу, ки дар як нишасти умумӣ ва бино ба дархости 40 узви Кнессет мухолифи эътилофи ҳоким сухан мегуфт, афзуд: Имрӯз Эрон ба хубӣ медонад, ки мо заиф ҳастем, то як моҳи дигар Эрон ба музокираи ҳастаӣ бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ боз хоҳад гашт ва ин амр хатаре ҳаётӣ барои амнияти Исроил аст.

Вай дар бахши дигаре аз ин суханронии худ дар ҳамин робита, хитоб ба Беннет гуфт: Биҷангед, афкори умумиро алайҳи ин тавофуқи хатарнок муттаҳид кунед, аммо шумо фақат сари худро пойин меандозед.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп