Ноябр 26, 2021 20:46 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Урдун дар эътироз ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ

Мардуми Урдун дар эътироз ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тазоҳуроти густардае баргузор карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алитиҷоҳ» - и Ироқ, садҳо тан аз мардуми Урдун имрӯз, ҷумъа бо барпоии тазоҳурот дар шаҳри Аммон, пойтахти Урдун ва сар додани шиорҳое, хостори поён додан ба одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ шуданд.

Тазоҳуркунандагони урдунӣ бо тавофуқномаи Урдун бо режими саҳюнистӣ ва Иморот, ки барои муомилаи барқ дар баробари об аст, мухолифат карданд.

Дар ҳамини ҳол, дидори вазири ҷанги режими саҳюнистӣ аз Мағриб, вокуниши мардуми ин кишварро дар пай дошт. Фаъолони сиёсии Мағриб бо мухолифати сафари Гантс ба Работ, одисозии равобити Мағриб бо Тел – Авив (режими Исроил) -ро маҳкум карданд.

Бени Гентс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ сешанбешаб вориди Мағриб шуд. Гантс аввалин вазири ҷанги режим саҳюнистӣ будааст, ки дар сафаре расмӣ вориди Мағриб шудааст.

Вазири хориҷаи Мағриб ва режими саҳюнистӣ чандин тавофуқнома барои эҷоди як «созукори машваратии сиёсӣ» миёни ду тараф ва низ тавофуқномаҳое дар заминаи фарҳанг, варзиш ва хадамоти ҳавоӣ имзо карданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп