Декабр 06, 2021 17:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Арабистон ба Санъо; кушта ва захмӣ шудани 32 яманӣ

Дар ҳамалоти шабонаи эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ ба маҳалаҳои маскунӣ ва як фурушгоҳи маводи хурокӣ дар Санъо пойтахти Яман, 32 шаҳрванди яманӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, ҷангандаҳои эътилофи Саъудӣ шанбешаб чанд маҳалаи маскунӣ, як фурушгоҳи маводи хурокӣ ва амволи шаҳрвандони Яманро дар Санъо ҳадаф қарор доданд, ки ба кушта шудани беш аз 16 ғайринизомӣ ва захмӣ шудани 16 нафари дигар мунҷар шуд.

Тасвирҳои рӯзи якшанбеи хабаргузории Эрон Пресс нишон медиҳад ин ҳамлаи эътилофи Саъудӣ ҳамчунин хисоратҳои модии қобили таваҷҷуҳе ба манзилҳои шаҳрвандони яманӣ дар Санъо ворид карда аст.

Ин тасвирҳо ҳамчунин ба хубӣ бехонумон ва овора шудани шарҳвандони бегуноҳи Яманро дар натиҷаи тахриби манзилҳои онҳо дар ҳамалоти шанбешаби эътилофи Саъудӣ ба маҳалаҳои маскунӣ дар Санъо пойтахти Яман нишон медиҳад.

Барчасп