Вуқуъи 3 инфиҷор дар Тел Авив ва бандари Яффои арозии ишғолӣ
(last modified Sat, 01 Jan 2022 08:54:45 GMT )
Январ 01, 2022 13:54 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи 3 инфиҷор дар Тел Авив ва бандари Яффои арозии ишғолӣ

Манобеи ибризабон аз шунида шудани садои чанд инфиҷори маҳиб дар Тел Авив ва бандари Яффо воқеъ дар арозии ишғолӣ хабар доданд.

Манобеи ибрӣ хабар доданд, 3 инфиҷори маҳиби имрӯз шанбе дар Тел Авив ва бандари Яффои арозии ишғолӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Артиши режими саҳюнистӣ низ дар ин бора эълом кард, гузоришҳое дар бораи шиллики мӯшак аз Ғазза дарёфт карда ва дар ҳоли баррасии ин вазъият аст.

Полиси режими саҳюнистӣ ҳам аз гузоришҳое дар бораи вуқуъи як инфиҷор дар муҷовирати савоҳили Тел Авив хабар дод.

Бархе манобеи фаластинӣ дар ин бора эълом карданд, ба назар мерасад, садои инфиҷорҳои шунида шуда, паём ва ҳушдоре аз сӯи гурӯҳҳои фаластинӣ дар Ғазза дар хусӯси асир Ҳишом Абу Ҳаваш аст, ки аз 138 рӯзи пеш даст ба эътисоби ғизо зада ва дар вазъияти хатарноке басар мебарад.

Ҳанӯз ахбори бештаре дар бораи ин инфиҷорҳо гузориш нашудааст.