Март 16, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Туркия ба Русияву Украина

Вазири хориҷаи Туркия дар талош барои миёнҷигарӣ ба Русияву Украина сафар мекунад.

Иқдомоти таҳрикомези ғарбиҳо дар Украина билохира ба ҷангу даргирӣ оварда расонд. Кишварҳои зиёде барои миёнҷигарӣ барои сулҳу поёни ҷанг дар Украина талош кардаанд, ки то кунун муваффақияте ҳосил нашудааст. Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия рӯзи душанбе 21 феврал бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии Ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав эълом кард, кишвараш истиқлоли Донетск ва Луганск дар Донбасро ба расмият мешиносад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳури Туркия эълом кард, Мавлуд Човушуғлу-вазири умӯри хориҷаи Туркия чаҳоршанбеву панҷшанбеи ин ҳафта ба Русияву Украина сафар хоҳад кард .
Ардуғон ин иқдомро қадаме дар роҳи миёнҷигарӣ ва дастёбӣ ба оташбас барои Украинаву Русияи даргир дар ҷанг унвон кард .
Туркия узви НАТО аст ва бо Русияву Украин равобити хубе дорад . Ин кишвар ҳамчунин ба дунболи афзоиши эътибори худ ба унвони як бозигари минтақаӣ бо миёнҷигарӣ дар муноқиша аст .
Миёнҷигарии Туркия байни ду кишвари даргир дар ҳоле сурат мегирад, ки ин кишвар аз як сӯ бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар Украина аст ва аз сӯи дигар бахши аъзами гази худро аз Русия дарёфт мекунад .
Ҳафтаи гузашта Анталя мизбони аввалин музокироти Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия ва Дмитрий Кулиба-вазири умӯри хориҷаи Украина аз замони оғози амалиёти низомии Русия буд ва дар ин дидор тарафайн натавонистанд ба тавофуқе барои оташбас даст пайдо кунанд .

 

Барчасп