Март 27, 2022 17:09 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳҳои фаластинӣ нишасти кишварҳои арабӣ бо Тел -Авивро маҳкум карданд

Ҷумбишҳои ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломии Фаластин баргузории иҷлоси вузарои хориҷаи бархе кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ дар минтақаи ишғолии Нақбро маҳкум карданд.

Вазирони хориҷаи чаҳор кишвари арабии Миср, Иморот, Баҳрайн ва Мағриб имрӯз - якшанбе дар иҷлосе, ки бо ҳузури Лопид, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ва Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар минтақаи ишғолии Нақб баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Довуд Шаҳоб, аз раҳбарони Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар гуфтугӯ бо шабакаи “Фаластин алявм” мушорикати вузарои хориҷаи араб дар ин иҷлосро маҳкум кард ва онро яке аз намодҳои созиш ва ҳамкорӣ донист, ки ба нафъи режими ишғолгар ва сиёсатҳои таҷовузкоронаи он аст ва миллати Фаластин ва сарзамини онро ҳадаф қарор додааст.

Шаҳоб таъкид кард, ин нишаст ҳимоят аз режим саҳюнистӣ аст, ҳол он ки гузоришҳои Созмони Милал ба равшанӣ таъйид мекунад, ки ҷиноятҳои ин режим ҷиноятҳои поксозӣ ва табъизи нажодӣ аст.

Аз сӯии дигар, Ҳамос бо маҳкум кардани баргузории ин иҷлос таъкид кард, ин дидор танҳо ба нафъи режими ишғолгар аст ва рафтори вузарои хориҷаи араб бо мавозеъ ва манофеи уммати арабӣ дар хусуси мухолифат бо одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар таззод аст.

Баргузории иҷлоси Нақб дар ҳолест, ки шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар ин минтақаи ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Сешанбеи гузашта низ нишасти сеҷонибае байни Абдулфаттоҳ Сиси, раиси ҷумҳурии Миср, Муҳаммад бин Зойд оли Наҳён, валиаҳди Абузабӣ ва Нафтоли Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар минтақаи туристии Шармушшайхи Миср баргузор шуд.

Иморот, Баҳрайн ва Мағриб дар соли 2020 таҳти назорати Амрико тавофуқномаи созиш бо режими саҳюнистиро имзо карданд.

 

Барчасп