Апрел 26, 2022 11:22 Asia/Dushanbe
  • Бархе гурӯҳҳо тарҳи зарба задан ба муқовиматро дунбол мекунанд

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар суханоне ҳушдор дод, ки бархе тарҳи зарба задан ба муқовимат ва дар раъси он Ҳизбуллоҳ дар Лубнонро доранд.

Ба гузориши Ал Маёдин, Қосим бо гурез ба эътирозоти се соли гузашта ва 17 октябри соли 2019 гуфт, ки сафорати Амрико талош кард, ки аз ин эътирозот барои таҳаққуқи аҳдофи худ баҳрабардорӣ кунад.

Қосим ба мавзӯи интихоботи Лубнон пардохт ва гуфт, ки ин интихобот дар замони худ баргузор хоҳад шуд ва ҳеҷ баҳонае барои тааллули баргузории он вуҷӯд надорад.

Вай изҳор кард, ки сафорати Амрико ба ин натиҷа расидааст, ки интихоботи оянда наметавонад воқеиятро тағйир диҳад.

Қосим гуфт, Ҳизбуллоҳ ба дунболи касби аксарияти порлумон нест, балки барои мо муҳим ин аст, ки ҳузур мутаъодил дошта бошем то битавонем ба натиҷаи матлуб бирасем.

Вай бо ишора ба Ҳизб ул Қувот ул Лубнония гуфт, ки Арабистон ба таври комил кантроли ин ҳизбро бар ӯҳда дорад.

Шайх Қосим дар бахши дигаре аз суханонаш ба масаълаи тарсими ҳудӯд бо режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт, мо мухолифи ҳаргуна одисозии равобит бо режим саҳюнистӣ ҳастем, хоҳ ин одисозии заминӣ, дарёӣ ё ҳавоӣ бошад.

Қосим ба коршикании амрикоиҳо барои ҳали мушкилоти иқтисодии Лубнон пардохт ва гуфт, ки мақомоти Вашингтон ба Бонки Ҷаҳонӣ эълом карданд, ки ба Лубнон барои таъмини барқи худ аз Урдун ва газ аз Миср ҳеҷ вом надиҳад.

Вай бори дигар ба нақшаҳои шуми Амрико дар Лубнон пардохт ва ҳушдор дод, ки агар Амрико манофеаш дар Лубнон, ки дар воқеъ дар ростои манофе Исроил аст, таъмин шавад, ҳеҷ мушкиле бо ин мавзӯ надорад, ки ҳамаи мардуми Лубнон аз гуруснагӣ талаф шаванд.

 

Барчасп