Май 21, 2022 13:01 Asia/Dushanbe
  • Нафтали Беннет: Ояндаи Исроил дар хатар аст

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо ибрози нигаронӣ аз хурӯҷи яке дигар аз аъзои кабинаи эътилофии ин режим аз Кнессет, гуфт, ояндаи Исроил дар хатар аст.

Кабинаи Ироил дар талош аст то Ghaida Rinawi Zoabi, намояндаи араб ва муовин раиси Кнессетро мутақоид кунад, ки хурӯҷи худро аз Кнессет лағв кунад.

Рӯзи панҷшанбе Zoabi хурӯҷи худро аз Кнессет ва эътилофи ҳоким эълом кард ва дар натиҷаи ин иқдом эътилофи ҳоким акнӯн танҳо 59 курсӣ аз 120 курсиро дар ихтиёр дорад.

Ба гузориши Анатоли, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи хурӯҷи яке аз шарикои кабинааш аз порлумони ин режим тасреҳ кард, ояндаи Исроил дар хатар аст ва мо бояд барои ҳифзи ваҳдати  мардумихуд баҷангем.

Вай муддаӣ шуд, ки кабинаи феълӣ дар чандин замина, аз ҷумла муқобила бо вируси корона, бекорӣ, хушунат ва фалаҷ шудани кабина муваффақ будааст.

То як моҳи пеш, кабинаи эътилофии Исроил 61 курсӣ аз 120 курсро дар ихтиёр дошт, аммо бо истеъфо Айдит Силмон дар апрели гузашта, ин теъдоди коҳиш ва бо истеъфои Zoabi шумори курсиҳои феълии эътилофи ҳоким ба 59 курсӣ тақлил ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки эҳтимол дода мешавад оппозисони режими саҳюнистӣ ба раёсати Натаняҳу, нахуствазири собиқи ин режим аз ҷудо шудани Zoabi аз эътилофи кабина истифода карда ва тайи ҷаласаи чаҳоршанбеи порлумон қарор аст тарҳи инҳилоли кабинаро ироа кунад ва баргузории интихоботи зӯдҳангомро хостор шавад.

 

Барчасп