Ирҷоъи парвандаи шаҳодати Ширин Абуоқила ба девони Лоҳа
(last modified Mon, 23 May 2022 13:35:43 GMT )
Май 23, 2022 18:35 Asia/Dushanbe
  • Ирҷоъи парвандаи шаҳодати Ширин Абуоқила ба девони Лоҳа
    Ирҷоъи парвандаи шаҳодати Ширин Абуоқила ба девони Лоҳа

Вазорати хориҷаи Ташкилоти худгардони Фаластин аз ирҷоъи парвандаи терори хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазира ба девони байналмиллаӣ кайфарии Лоҳа хабар дод.

Низомиёни режими саҳюнистӣ як моҳ пеш бо юриш ба урдугоҳи Ҷанин дар сарзаминҳои ишғоли Ширин Абуоқила хабарнигор фаластинии шабакаи хабарии Алҷазираро ба зарби гулула ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши Фаластин-Алявм, Вазорати хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард қасд дорад парвандаи шаҳодати Ширин Абуоқила хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазираро ба девони байналмиллалии кайфари Лоҳа ирҷоъ диҳад.

Рузномаи Ҳоортес ахиран гузориш дод артиши режими саҳюнистӣ баъд аз анҷоми анҷоми таҳқиқот дар бораи терори Абуоқила изъон кард, гулулаҳои низомиёни ин режим боиси шаҳодати вай шуд.

Терори Ширин Абуоқила аввалин ҷинояти режими саҳюнистӣ зидди рузноманигорони фаластинӣ нест ва бар асоси эъломи Вазорати иттилоърасонии Фаластин аз интифозаи дувуми Фаластин дар соли 2000 то имрӯз беш аз 45 рузноманигор ба дасти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.