Мақоми яманӣ: Эътилофи саудӣ ба иҷрои тавофуқи оташбас дар Яман таваҷҷуҳе надорад
(last modified 2022-05-25T06:35:58+00:00 )
Май 25, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Эътилофи саудӣ ба иҷрои тавофуқи оташбас дар Яман таваҷҷуҳе надорад

Як мақоми давлати наҷоти миллии Яман таъкид кард, бо вуҷуди идомаи дарду ранҷи миллати ин кишвар Санъо ночор нест оташбас бо Эътилофи саудиро тамдид кунад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи “Алмасира”, муовини умури дифои амниятии нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман дар Санъо бо баёни ин ки суҳбатҳо дар бораи оташбас аз иҷрои мафоди он бештар будааст, гуфт, мавориди нақзи оташбас аз сӯи мутаҷовизон беш бар ҳазорон маврид аст.

Муҳамад Абдуссалом, раиси ҳайати музокиракунандаи давлати наҷоти миллии Яман ба сарнагунии ҷангандаи мутаҷовизи саудӣ дар осмони Яман вокуниш нишон дод ва дар паёме навишт: Ирсоли ҳавопаймоҳои ҷосусӣ ба ҳарими ҳавоии Санъо, пойтахти Яман иқдоме таҷовузкорона ва беэҳтиромии кишварҳои мутаҷовиз ба оташбаси мавҷуд аст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кард.

Ҷангафрӯзиҳои Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии беш аз 4 миллион нафар мунҷар шудааст.