Июн 24, 2022 19:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории амниятии Туркия ва режими саҳюнистӣ

Вазири хориҷаи Туркия эълом кард, ин кишвар бо афзоиши сатҳи намояндагии дипломатӣ бо режими саҳюнистӣ дар заминаи амниятӣ бо Тел-Авив ҳамкорӣ мекунад.

Туркия ҳамвора иддаои ҳимоят аз миллати Фаластин дар муқобили ишғолгарӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистиро дорад. Аммо ин ҳимоят дар ҳадди ҳарф будааст ва Туркияву режими саҳюнистӣ музокироти пинҳонии зиёде дар ҳамаи заминаҳо доштанд. Пештар ҳам Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ ба даъвати расмии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ба ин кишвар сафар карду муҷиби эътирозоти мардуми Туркия шуд.

Туркия дар соли 1949 режими саҳюнистиро ба расмияти шинохт ва аз он замон равобити наздики тарафайн дар заминаҳои иқтисодиву низомӣ оғоз шудааст.

 

Барчасп