Октябр 16, 2022 19:52 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини иқтисодии раисиҷумҳури Эрон ба Қатар

Муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Қатар сафар кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳсини Ризоӣ, муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони вуруд мавриди истиқболи қоиммақоми вазири хориҷаи Қатар ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Давҳа қарор гирифт.

Дар ин намоишгоҳ 20 ҳолдинг ва ширкати тавлидии эронӣ дар арсаҳои саноати ғизоӣ, саноати дастӣ ва фанновариҳои нав, охирин дастовардҳо ва тавлидоти худро дар остонаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба маърази намоиш гузоштаанд.

Пайгирии иҷрои тавофуқоти сӯратгирифта миёни Эрону Қатар низ аз дигар меҳварҳои муҳимми сафари Муҳсини Ризоӣ ба Қатар аст.

Нишаст бо тоҷирон ва дидор бо вазирони тиҷорат ва саноат ва ҳамлу нақли Қатар аз дигар барномаҳои муовини иқтисодии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар аст.

 

Барчасп